نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استاد علوم سیاسی
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Мирсаййидалии Њамадонї аз зумраи мардуми ањли тасаввуфи асри чањордањуми мелодї аст. Осори ин адаби мутасаввиф зиёда аз њафтод буда ва таќрибан њамаи бахшњои улуми замонро дар бар мегирад. Дар таълимоти Мирсаййидалї ишќ љойгоњи хос дорад. Ин ишќ барои ў саршор аз андешањои ошиќона ва ањдофи орифона аст ва дунёи маънавияш њаќиќати ирфонї аст. Дар ин маќола зимни табйини мавзўи ишќи ирфонї дар нигоњи Мирсаййидалї масодиќи он дар осораш мавриди баррасї ќарор гирифтааст. Ин орифи бузург њастии инсониро пеш аз њама ба ишќи илоњї вобаста дониставу онро ба олами рўњї њавола кардааст. Дар ин мартаба ў вуљуди хешро фаромўш мекунад ва дар дунёи муњаббат ѓарќ мешавад. Ў мављудияти Худоро сабаби асосии њастии тамоми мављудот мешуморад ва аз ин назар фалсафаи ў бо мафњуми «вањдати вуљуд» пайванд мехўрад, ки масодиќи ин тарзи фикр дар бархе осори ў, аз љумла маснавии «Њафт водї» мушоњида мешавад. Ба аќидаи ин орифи бузург ишќ такмилкунандаи тамоми мављудот аст ва баландтарин дараљаи ишќ ишќи илоњист. Нигорандаи маќола баъд аз мутолиа ва шарњи мухтасари фалсафаи ишќ дар нигоњи Саййидалии Њамадонї ба ин натиља расида, ки вай дар ин замина бештар мубаллиѓи чењраи тобноки дини ислом аст. Бинобарин дину мазњаб дар таълимоти ў на танњо бузургтарин манбаъи ахлоќї, балки асоси пешрафти корвони тамаддуни исломї ба шумор меравад.
کلیدواژهها [English]