نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
То солњои ахир тањќиќу пажўњиш дар адабиёти Хуљанд ва намояндагони барљастаи он ѓолибан ба таври мустаќил анљом мешуд ва аз сўи дигар, бештари ин пажўњишњо мањдуд ба зиндагї ва осори тане чанд аз онњо мисли Камоли Хуљандї, корномањои адабии Оли Хуљанд ва силсилашуарои ќарн нуздањуми мелодї буд ва аз њамин рў наметавонист ниёзњои хонандаи тољикро дар заминаи шуарои њавзаи Хуљанд бартараф кунад. Хушбахтона, таълифи «Тазкираи шуарои Хуљанд» ба њиммати профессор Абдулманнони Насриддин тавонист ин халоро то њудуде пур кунад. Дар ин тазкира муаллиф тибќи шевањои хосси тазкиранависї нахуст шарњи њоли суханварон ва баъд намунањои ашъори онњоро зикр кардааст. Аз муњимтарин арзишњои илмии ин тазкира ин аст, ки матолибе, ки дар бораи намояндагони адабиёти ин њавза дар манобеъи аслї ва таърихї омадааст, бо равиши тањлил ва баррасињои илмї наќл мешавад. Шеваи наќду баррасї, ки аз вижагињои муњимми тазкиранигорист, дар равиши кори Абдулманнон Насриддин низ идома ёфтааст. Гоње низ наќду назари тазкиранависони дигар бар сабили санад оварда шуда, ки ин амр низ бар таќвияти љанбањои интиќодии тазкира наќши муассир доштааст. Бар хилофи бештари тазкирањо, ки бар асоси њуруфи алифбо тадвин шудаанд, муаллифи ин тазкира меъёри таърихиро авлавият дода ва шуароро бар мабнои замони зиндагї дастабандї кардааст. Таваљљуњ ба осори марљаъи мавриди истифода дар таълифи ин тазкира нишон медињад, ки муаллиф барои тадвини он мутолиоти густарда анљом додааст. Вай дар канори омўзиши тазкирањо, осори таърихї ва пажўњишї тавонистааст аз маводи беш аз бист нусхаи хаттї ва чопии баёзи шуаро истифода кунад, ки ин мавзўъ низ ба навбаи худ аз мазиятњои бузурги ин тазкира аст.
کلیدواژهها [English]