نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Камолуддин Масъуди Хуљандї (1319-1320) аз зумраи суханварони бузургест, ки бо шеъри ноб ва љаззобаш дар дили њазорон мухлиси шеъру адаби форсии тољикї маскан гузидааст. Бо камоли таассуф, дар бораи шарњи њоли шоир иттилоъи зиёде дар даст нест. Аммо дар Хуљанд дар манобеъи таърихї ва дар бойгонии мамлакат дар бораи манзили шоир маълумоти фаровоне вуљуд дорад, ки гирд овардани онњо њоизи ањаммият аст. Ин маќола низ дар паи он аст, ки иттилооте аз манзили хоља ба даст дињад. Дар ибтидои солњои сохти шўравї манзили шоир номи «Аптечная» гирифт. Аммо хуљандён ин гузарро бо номи аслияш «Хоља Камол» ёд мекарданд. Эњтимол меравад, ки гузари Хоља Камол, манзили шоир дар байни садаи чањордањум ва ибтидои садаи понздањум дар атрофи ќадамљои ў эъмор шуда бошад. Нахустин манобеъи бойгонї дар бораи манзили шоир бо солњои њафтоди асри нуздањум мусодифанд. Дар бойгонии А. Кун омадааст, ки дар мањалли Хоља Камол 63 хонавор иќомат доранд. Бар асоси маълумоти омории сол 1929 м. дар мањаллаи Хоља Камол 158 нафар ва бар асоси маълумоти омории соли 1931 м. 402 нафар иќомат доштанд. Дар маълумотномаи соли 1870 м. омадааст, ки дар мадрасаи Хоља Камол њашт то нуњ талаба касби илм мекарданд. Ба ќадамљои мазори шайх низ дар санадњои бойгонї ба такрор ишора шудааст. Аз љумла дар як санади марбут ба соли 1905 м. омадааст, ки дар мазор шаш нафар шайх адои хидмат мекунанд. Бахши баъдии ин маќола дар боби мазори Шайх Бурњонуддини Ќилич аст. Шайх Бурњонуддин, ки байни мардуми Хуљанд ба «Бурњони Ќилич» маъруф аст, аз шахсиятњои номдори водии Фарѓона аст. Нигоранда зимни баёни иттилооти мабсуте рољеъ ба мазори шайх, шарњи њоли муфассале аз вай низ овардааст.
کلیدواژهها [English]