نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Шањри Кўлоб дар фосилаи дивисткилометрї аз ќисмати љанубу шарќи пойтахти Тољикистон дар соњили дарёи Ёхсу, дар доманаи риштакўњи Њазрати Шоњ љойгир аст. Аз њамин минтаќа тайи садњо сол роњи корвон аз Њинд ва Афѓонистони имрўза мегузашт; Дар натиља дар садањои миёна Кўлоб бо таъриху фарњанги ѓании худ ба яке аз шањрњои бузурги минтаќаи Хатлон табдил шуд. Дар њудуди Кўлоб ва атрофи он осори меъмории даврањои гуногун боќї мондаанд, ки аз намунањои он метавон ба ќасри њокимон дар Њулбук, шањраки дорои муљассама аз садањои дањум то ёздањуми мелодї дар рустои Сайёд, маќбараи Мир Саййидалии Њамадонї дар шањр Кўлоб мансуб ба садањои чањордањум то шонздањуми мелодї, силсиламеъморињои садаи ёздањум то шонздањуми мелодии Шоњи Хомўш дар рустои Лангар, силсиламазорњо, масљидњо ва мадрасаи садаи нуздањум ва оѓози садаи бистуми мелодї ишора дошт. Шоёни зикр аст, ки оромгоњи Мир Саййидалии Њамадонї дар Кўлоб намунаи нодири меъморї аст, ки њам хусусиятњои суннатї ва ќадими меъморї ва тарроњї ва њам бозмондањои усули меъмории марокизи пешрафтаи фарњанги Осиёи Миёнаро дар бар дорад. Осори меъморї ва таърихии Кўлоб ва атрофи он бисёр љолиби таваљљуњанд ва дар замонњои ќадим ва садањои миёна маркази ташаккули суннатњои меъморї ва наќќошї ба шумор мерафтаанд, ки аз он мактабњои дигари меъморї ва наќќошии тамоми минтаќаи Осиёи Марказї истифода кардаанд. Њамчунин Кўлоб аз ќадимулайём маркази њунарњои мардумї, аз љумла кандакорї дар чўб ва гаљ, њунари заргарї ва дигар њунарњои тазйинї будааст.
کلیدواژهها [English]