نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Фолклор оина ё гувоњномаи фарњанги мардум аст. Аз њамин рў огоњї аз таъриху фарњанги њар миллате ниёзманди шинохти амиќи фолклори он аст. Ин маќола бар он аст, то вижагињои фолклори минтаќаи Бадахшонро табйин ва баррасї кунад. Яке аз хусусиятњои барљастаи фолклори кўњистони Бадахшон дузбонї будани он аст. Зарбулмасалњо, маќолњо, чистонњо ва сурудњо як ќисмат ба забонњои помирї ва бахше дигар ба забони тољикї дар байни ин мардум мавќеъияте пайдо кардаанд. Ривоят, афсона ва дигар навъњои насри мардумї асосан ба сурати шифоњї наќл мешаванд. Бино ба назари муњаќќиќон мардуми Помир дар миёни ёдгорњои дунёи ќадим аз Авесто бањра бардошта, балки дар бунёди он низ сањмгузор будаанд. Дар китоби «Афсонањои Помир» њаштод афсонаи мутааллиќ ба ањолии Помир (Бадахшон) љамъоварї шудааст. «Даргилик» ва «Булбулик» низ аз жанрњои ѓиноии мардуми ин минтаќа њастанд, ки аввалї байни гўишварони забонњои гурўњи шуѓнонї ва рўшонї эљод шуда ва дувумї мањсули эљоди вахизабонони водии Вахон аст. Ин ду жанр њарчанд хосси фолклори бахше аз ањолии кўњистони Бадахшонанд, на фаќат байни ин ду навъи ѓиноии мардумї пайвастагї эљод кардаанд, балки аз нигоњи истифодаи воситаи њунари тасвири бадеї низ бисёр ќавї њастанд. Њамаи ин ёддоштњо ва мулоњизањо собит мекунад, ки ањолии кўњистони Бадахшон аз замонњои ќадим дар миёни тамаддуни умумибашарї ќарор доштаву аз он бањра бардоштаанд.
کلیدواژهها [English]