نوع مقاله : مقاله پژوهشی
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
Тољикон ќарењаи шоириро љавњари зотї ва љузъї аз сиришти худ медонанд ва ин мавзўъ дар баёноти ањли адабу фарњанги ин миллат комилан машњуд аст. Пайванди ќавии зењну завќу шуури љамъии мардуми ин сомон бо адабиёт сабаб шудааст, ки дар мароњили гуногуни тањаввулоти сиёсию иљтимої ва фарњангї, фањму завќу маърифати адабї омили аслї ва роњгушо бошад. Аз њамин рў, таваљљуњ ба адабиёти тољик ва муаррифии шахсиятњои адабии ин арса њамвора мавриди таваљљуњи пажўњандагони адабиёт будааст. Дар њамин росто љаноби оќои доктор Муњаммадњусайнамири Ардуш, ройзани фарњангии Љумњурии Исломии Эрон дар Тољикистон ба танзим ва интишори вижаномаи шеъри муосири тољик иќдом карданд ва оќои Рустами Вањњоб низ интихоб ва танзими матолиби онро бар уњда гирифтанд. Ѓолиби шуарое, ки дар ин маљмўа муаррифї шудаанд, дар матни фаъолиятњои адабии Тољикистон ќарор доранд. Тартиби љой гирифтани ашъор мубтанї бар асли таваљљуњ ба сарњарфи номи хонаводагї ё тахаллуси адабии шуарост. Фаќат дар мавриди устод Садриддин Айнї, ки ба њаќ падари адабиёти навини тољик аст, ин ќоида риоят нашудааст. Дар идома чакидае аз шарњи ањвол ва осори ин шоирон, ки дар вижаномаи њозир мундариљ аст, баён мешавад:
Садриддин Айнї: Садриддин фарзанди Сайидмуродхоља мутахаллис ба «Айнї» дар соли 1878м дар рустои Соктареи тумони минтаќаи Ѓиждувон аз тавобеъи Бухоро ба дунё омад. Шурўъи фаъолиятњои илмї ва адабии Айнї бо даврони густариши нењзати «маорифпарварї» муќорин аст. Садриддин Айнї сарфи назар аз мушкилоти зиёди хусусї, иљтимої ва сиёсї то поёни умр ба фаъолиятњои адабию илмї ва иљтимої машѓул буд ва бунёди ќавии адабиёти навини форсї-тољикиро устувор кард. Ў бештари зиндагии худро ваќфи навиштани осори мансур ба сабки љадид ва рисолањои илмии адабиётшиносї ва забоншиносї кард ва нахустин ашъори навоваронаро суруд.
Озар (Миралї Салим): Озар дар соли 1968м дар вилояти Кўлоб ба дунё омад. Ашъори ў дар Тољикистон аз истиќболи гарми хонандагон бархурдор аст ва то кунун панљ дафтари шеър аз ў ба чоп расидааст.
Толиби Озарахш: Озарахш дар соли 1963м дар ноњияи Айнї ба дунё омад. Вай фориѓуттањсили раштаи адабиёт аст ва то кунун њафт дафтари шеър аз ў ба чоп расидааст.
Мењмон Бахтї: Бахтї дар соли 1940м дар ноњияи Ѓарми Тољикистон ба дунё омад ва фориѓуттањсили раштаи таърих ва филология аст. Вай њамзамон бо таълифи ашъори ѓиної ба таълифи осор њаљими мансур, намоишномањои театрї ва филмнома низ иштиѓол дорад.
Ширин Бунёд: Бунёд дар соли 1941м дар ноњияи Роштќалъаи устони Бадахшони Тољикистон ба дунё омад. Вай фориѓуттањсили раштаи филология аз Донишгоњи Тољикистон аст. То кунун беш аз дањ дафтари шеър ва маќолоти мутааддид аз эшон ба табъ расидааст.
Мирзо Турсунзода: Турсунзода аз шумори маъруфтарин удабои Шўравї аст, ки силсилаи манзумањо ва достонњои баланди манзумаш дар мавзўи муборизањои озодихоњонаи милали мазлуми Осиё ва Шарќ, бавижа Њиндустон боиси шуњрати љањонии ў шудааст.
Муњтарам Њотам: Њотам дар сол 1950м дар ноњияи Ѓарм дида ба љањон гушуд. Вай илова бар интишори теъдоди зиёде аз дафтарњои шеъри худ дар заминаи решаёбии вожањои форсї ва забоншиносии татбиќї низ тањќиќоте анљом додааст.
Парда Њабиб: Њабиб дар соли 1962м дар ноњияи Њисор мутаваллид шуд. Умдаи фаъолиятњои ў дар арсаи рўзноманигорї ва адабиёт аст. То кунун панљ дафтари шеър аз Њабиб мунташир шудааст.
Ањлиддин Њисорї: Њисорї дар солњои 1972-1977м дар раштаи таърих ва адабиёт тањсил кардааст ва дар њоли њозир мудири идораи маркази тарѓиби Иттињодияи нависандагони Тољикистон аст.
Аскар Њаким: Њаким дар соли 1946м дар ноњияи Хуљанд ба дунё омад. Ў дорои унвони доктори адабиётшиносї аст ва то кунун чандин дафтари шеър ва теъдоде рисолаи илмї дар заминаи шеъри муосир таълиф кардааст.
Салими Хатлонї: Салими Хатлонї дар соли 1960м дар ноњияи Муъминобод чашм ба љањон гушуд. Рисолаи доктории вай дар заминаи осори Мавлоност. Аз Хатлонї то кунун чанд китоби шеър мунташир шудааст.
Искандари Хатлонї: Искандари Хатлонї дар сол 1954м дар шањри Кўлоб ба дунё омад ва дар сол 2000м дар Маскав ба дасти афроде номаълум кушта шуд. Аз ў чанд дафтари шеър, аз љумла ба алифбои форсї мунташир шудааст.
Адибаи Хуљандї: Адиба дар соли 1971м дар шањри Хуљанд ба дунё омад. Ў, ки дар анвоъи шеъри муосир табъозмої мекунад, то кунун чанд дафтари шеър ба чоп расондааст.
Фарзонаи Хуљандї: Фарзона (Иноят Хољаева) дар соли 1964м дар Хуљанд мутаваллид шуд. Вай аз шуарои навовари Тољикистон мањсуб мешавад. То кунун чандин дафтари шеър ба форсии тољикї, забони русї ва ба њуруфи форсї аз Фарзона ба чоп расидааст.
Абдуссалом Дењотї: Дењотї дар соли 1911м дар Самарќанд ба дунё омад. Вай аз соли 1935 муќими шањри Душанбе шуд ва то поёни умр дар ин шањр ба корњои илмию адабї, таълифи осори манзум, мансур, драма, тадвини фарњангњои русї ба тољикї иштиѓол дошт. Куллиёти осори Дењотї дар соли 1996м дар панљ муљаллад ба табъ расидааст.
Бењрўзи Забењуллоњ: Забењуллоњ дар соли 1969м дар ноњияи Дарвоз дида ба љањон гушуд. Вай, ки тањсилкардаи Тољикистон ва Эрон аст, тањќиќоти љомеъе дар заминаи наќду баррасии шеъри муосири тољик анљом додааст. То кунун чанд дафтари шеър ба њуруфи форсї ва кириллї аз Забењуллоњ ба чоп расидааст.
Убайд Раљаб: Убайд дар соли 1932 дар ноњияи Панљакент зода шуд. Бештари фаъолиятњои адабии вай дар заминаи шеъри кўдак ва нављавон буда ва теъдоде аз ашъораш дар Эрон ба чоп расидааст.
Давлати Рањмониён: Рањмониён дар соли 1965м дар водии Вахш ба дунё омад. Вай фориѓуттањсили донишкадаи адабиёти Донишгоњи миллии Тољикистон аст ва то кунун чањор дафтари шеър аз ў мунташир шудааст.
Абдулќодири Рањим: Абдулќодир дар соли 1961м дар ноњияи Восеъ чашм ба љањон гушуд. Вай фориѓуттањсили Донишгоњи давлатии Покистон аст ва то кунун чанд дафтари шеър ба чоп расондааст.
Боќї Рањимзода: Рањимзода дар соли 1910м дар ноњияи Ѓарм ба дунё омад. Ашъори ў аз дањаи сиюми ќарни гузашта мунташир шудааст. Рањимзода муаллифи чандин намоишнома ва осори мансур аст. Аѓлаби ашъори ѓиноии ў матни таронањои машњури миллии тољикиро ташкил медињад.
Абдуллоњи Рањнамо: Рањнамо дар соли 1973м дар ноњияи Њисор зода шуд. Вай дорои унвони доктори улуми сиёсї аст ва то кунун ду дафтари шеър мунташир кардааст.
Пайрав Сулаймонї (Отаљон): Сулаймонї дар соли 1899м дар Бухоро ба дунё омад. Ў аз шоирони навовари насли аввали назми навини тољик аст ва устодоне чун Айнї ва Лоњутї осори ўро тањсин кардаанд.
Нуќраи Суннатниё: Суннатниё дар соли 1950м дар ноњияи Ванљи устони Бадахшон зода шуд. Ў, ки аз соли 1994м узви Иттињодияи нависандагони Тољикистон аст, то кунун чанд дафтари шеър ба чоп расондааст.
Сиёвуш (Муњаммадалї Љалилов): Сиёвуш дар соли 1963м дар ноњияи Бохтар дар водии Вахш ба дунё омадааст. Ў, ки дар заминаи намоишноманависї низ фаъол аст, то кунун чанд дафтари шеър ба чоп расондааст.
Мирзо Шукурзода: Шукурзода дар сол 1949м дар ноњияи Масчоњ ба дунё омад. Вай болиѓ бар бист китоб ва дањњо маќола дар њавзањои гуногун ва ду дафтари шеър мунташир кардааст. Аз љумлаи осори арзишманди Шукурзода китоби «Тољикон дар масири таърих» аст, ки чандин навбат дар Эрон ба чоп расидааст.
Аминљон Шукўњї (Аминљон Њољибоев): Шукўњї дар соли 1923м дар ноњияи Хуљанд ба дунё омад. Ў, Шоири халќии Тољикистон, дорои чандин девони ашъор барои кўдакон ва бузургсолон аст. Шукўњї дар шеъри ѓиноии дањаи шаст ба баъд аз шуарои навовар мањсуб мешавад.
Лоиќ Шералї: Шералї дар сол 1941м дар ноњияи Панљакент ба дунё омад. Вай аз шинохтатарин шуарои тољик дар дунёи форсизабонон аст ва то кунун бист китоб аз ў ба њуруфи кириллї ва форсї ба табъ расидааст.
Гулрухсор Сафї: Сафї дар соли 1947м дар ноњияи Дарбанд (Нурободи кунунї) ба дунё омад. Ў аз маъруфтарин шоирони тољик дар дохил ва хориљи Тољикистон аст ва китобњои пуршумор дар шеър, наср (роман), намоишнома ва њамчунин осори пажўњишї ба чоп расондааст. Чандин дафтари шеъри Гулрухсор дар Тољикистон, Эрон ва Люксембург ба алифбои форсї ба табъ расидааст.
Бозор Собир: Собир дар соли 1938м дар ноњияи Файзобод зода шуд. Ў тањсилоти олиро дар донишкадаи таъриху адабиёти Донишгоњи давлатии Тољикистон ба итмом расонд ва дар њоли њозир устоди забони форсии тољикї дар Донишгоњи Сиэтли Амрикост. Шуњрати ў дар Тољикистон ба далели ашъор ѓиної ва хусусан ватанпарастона ва озодихоњона аст.
Зиё Абдуллоњ: Абдуллоњ дар соли 1948м дар ноњияи Ќубодиёни Тољикистон ба дунё омад. Ў фориѓуттањсили Донишгоњи омўзгории Душанбе аст ва то кунун чанд дафтари шеър ба чоп расондааст.
Муњаммадалии Аљамї (Оймањмамадов): Аљамї дар соли 1954м дар шањри Ќўрѓонтеппа ба дунё омад. Умдаи фаъолиятњои Аљамї дар заминаи адабиёт ва рўзноманигорї аст ва то кунун чанд дафтари шеъри вай дар Эрон ба алифбои форсї ба табъ расида ва ашъораш наќду баррасї шудааст.
Орзу Исо: Исо дар соли 1976м дар ноњияи Бохтари Хатлон зода шуд. Ў, ки ба хабарнигорї дар радио ва телевизион иштиѓол дорад, то кунун се дафтари шеър ба чоп расондааст.
Њаќназар Ѓоиб: Њаќназар Ѓоиб дар соли 1943м дар ноњияи Кўлоб дида ба љањон гушуд. То кунун теъдоди зиёди дафтари шеър аз ў ба чоп расидааст. Намунањое аз ашъораш низ ба алифбои форсї чоп шудаанд. Ѓоиб дар тарљумаи ашъори адибони љањон ба забони форсї сањм гирифта ва њамчунин ашъораш ба забонњои мухталиф тарљума шудааст.
Муњаммад Ѓоиб: Муњаммад Ѓоиб дар соли 1954м дар ноњияи Данѓара ба дунё омад. Вай фориѓуттањсили раштаи риёзиёт аз Донишгоњи омўзгории Кўлоб аст. То кунун чандин дафтари шеър аз ў ба нашр расидааст.
Њабибулло Файзулло: Файзулло дар соли 1945м дар ноњияи Ховалинги вилояти Кўлоб ба дунё омад. Вай дар тарљумаи осори шуарои Русия ва љањон ба забони форсии тољикї сањми муњим дошта ва теъдоди фаровоне осори манзумро таълиф ва мунташир кардааст.
Низом Ќосим: Ќосим дар соли 1958м дар шањри Ќўрѓонтеппа ба дунё омад. Ў то кунун чанд дафтари шеър ба чоп расонда ва бо таълифи чанд намоишнома низ ба унвони драманавис шинохта шудааст. Ў дар тарљумаи осори мансур ва манзуми љањонї ба форсии тољикї сањми муњим дорад.
Муъмин Ќаноат: Ќаноат дар соли 1932м дар ноњияи Дарвоз ба дунё омад. Нахустин дафтари шеъри ў бо унвони «Шарора» дар соли 1960м ба чоп расидааст. Ќаноат дар тањаввули шеъри нави Тољикистон наќши аслї дорад. Вай бо сурудани достонњои баланди манзуми њамосї ва ашъори ѓиноии навоварона дар радаи нахуст шуарои муосири тољик ва Шўравї ќарор гирифтааст.
Ќутбї Киром: Киром дар соли 1932м дар ноњияи Айнї ба дунё омад. Вай дар чопи осори бузургони адаби форсї сањим аст. Киром муаллифи чандин филмнома аст ва теъдоди зиёде осори манзум аз худ барљой гузоштааст.
Гулназар Келдї (Келдиев): Гулназар дар соли 1945м дар ноњияи Айнї мутаваллид шуд. То кунун чандин китоби шеър аз ў ба чоп расида, ки бархе аз онњо ба њуруфи форсї аст. Ашъораш ба забонњои миллатњои Иттињоди Љамоњири Шўравии собиќ ва њамчунин арабї ба табъ расидааст. Вай сарояндаи шеъри Суруди миллии Тољикистон аст.
Гулноз Тоњириён: Тоњириён дар соли 1973м дар ноњияи Масчоњи вилояти Суѓд ба дунё омад. То кунун панљ дафтари шеър аз ў ба нашр расидааст. Намунањое аз ашъораш низ дар тазкираи занони шоири форсигў бо номи «Њафт шањри ишќ» чоп шудааст.
Толиби Луќмон: Луќмон дар соли 1991м дар ноњияи Панљакент ба дунё омад. Вай фориѓуттањсили донишкадаи хабарнигории Донишгоњи миллии Тољикистон аст. Аз Луќмон як дафтари шеър бо унвони «Сафаре ба сўи тулўъ» ба чоп расидааст.
Сайидалї Маъмур: Маъмур дар сол 1944м дар ноњияи Уротеппа ба дунё омад. Аз ў чандин дафтари шеър ба забонњои форсии тољикї ва русї ба чоп расидааст. Дафтари шеъраш бо унвони «Чашми ситора» низ бо њуруфи форсї дар соли 1990м чоп шудааст.
Раънои Мубориз: Раънои Мубориз дар соли 1965м дар ноњияи Шуѓнони Бадахшони Тољикистон ба дунё омад. Ў дорои чандин дафтари шеър аст.
Алимуњаммад Муродї: Муродї дар соли 1945м дар ноњияи Шўрободи Хатлон зода шуд. Аз вай то кунун чанд дафтари шеър ба чоп расидааст. Муродї бештар ба сурудан ашъори кўтоњ тамоюл дорад.
Мирсаид Миршакар: Миршакар дар соли 1912м дар Бадахшони Тољикистон ба дунё омад. Ў бештар ба унвони шоир ва сарояндаи достонњои манзум шуњрат дорад. Аз Миршакар осори мутанаввеъи адабї барљой мондааст.
Ѓаффор Мирзо: Ѓаффор Мирзо дар соли 1929м дар ноњияи Ховалинг дида ба љањон гушуд. Вай осори мутааддиди манзум барои бузургсолон ва кўдакон суруд ва мунташир кард. Вижагии муњимми осори ў љанбаи ќавии иљтимої, таркиби тозаи забон ва сувари хаёл аст.
Доро Наљот: Наљот дар соли 1946м дар ноњияи Айнї ба дунё омад. Ў дар њавзаи таърихи тасаввуф ва ирфони эронї рисолае бо унвони «Шайх Абулќосими Гургонї» ба чоп расондааст. Наљот бештар ба унвони сарояндаи шеъри сафед маъруф аст ва муњаќќиќони эронї ўро бунёнгузори шеъри модерни тољикї медонанд. Ашъори вай љуз Тољикистон дар Эрон низ ба чоп расидааст.
Рањмат Назрї: Назрї дар соли 1951м дар шањри Кўлоб ба дунё омад. Ў пас аз тањсилоти донишгоњї ба фаъолиятњои адабї ва рўзноманигорї машѓул будааст. Аз Назрї теъдоди зиёде дафтари шеър ба забонњои форсии тољикї ва русї, њамчунин ба њуруфи форсї ба табъ расидааст.
Камол Насруллоњ: Насруллоњ дар соли 1950м дар ноњияи Панљакент зода шуд. То кунун чандин китоб аз сурудањои вай мунташир шудааст. Дафтари шеъри Камол Насруллоњ ба тозагї ба њуруфи форсї низ чоп шудааст.
Нуралї Нурзод: Нурзод дар соли 1974м дар ноњияи Айнї ба дунё омад. Ў дорои унвони докторї дар раштаи адабиёт аст ва то кунун се дафтари шеър мунташир кардааст.
Абўсаиди Воњид: Воњид дар соли 1967 дар Кўлоб зода шуд. Вай њамакнун дар њавзањои мутолиоти иќтисодї ва адабиёт иштиѓол дорад. Вай то кунун се дафтари шеър мунташир кардааст.
Рустами Вањњоб (Вањњобниё): Вањњоб дар соли 1960м дар ноњияи Тољикобод ба дунё омад. Вай дар соли 2008м дар риштаи адабиёт аз рисолаи доктории худ дифоъ кард. Вањњоб ду дафтари шеър ва як рисолаи тањќиќотї дар заминаи тањаввули вазн дар шеъри муосири тољик ва маљмўаи маќолоте дар заминаи адабиётшиносї ба чоп расондааст.
کلیدواژهها [English]