نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Мероси мактуб меъёри муносиб барои таъйини сатњи рушди иќтисодї, илмї ва фарњангї ва асосан пешрафти њар љомеа аст. Китобшиносї низ нишондињандаи моњияти иљтимоии китоб дар љомеа, мизони мутолиа ва гароишњои мутолиотї ва ба таври куллї зарфиятњои фарњангї ва маънавии љомеа аст. Ин маќола ба дунболи он аст, ки дар заминаи китобшиносии Эрон дар Тољикистон матолибе баён дињад. Дар Тољикистон то ќабл аз истиќлол ба масоили Эрон ва ба таври куллї эроншиносии зиёд таваљљуњ намешуд. Аммо дар тайи нуздањ соли истиќлоли ин кишвар дар заминаи эроншиносї осори зиёде ба табъ расидаанд. Дар солњои аввали истиќлол маќолањо ва гузоришњои илмї бештар љанбаи муаррифї дошт. Аммо баъдњо шакли фаннитар ва тахассуситар ба худ гирифт. Њамакнун низ доираи пажўњиш дар ин замина рўз ба рўз дар њоли густариш аст. Дар ин маќола ибтидо бархе осори китобшиносї, ки дар замони Шўравї дар хусуси Эрон ба забон русї мунташир шуда буд, муаррифї шуда ва дар идома муњимтарин нашрияњои эроншиносї дар Тољикистон зикр шудааст.
کلیدواژهها [English]