نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
پژوهشگر
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Ин маќола бо њадафи муаррифии ду эроншиноси барљаста Алберт Хромов ва Михаил Андреев ва осори онњо ба нигориш даромадааст. Алберт Хромов (1930-1992) дар шањри Новгороди Русия дида ба љањон кушуд ва баъд аз итмоми тањсилот ба шањри Душанбе омад ва тамоми умри худро сарфи пажўњиш дар гурўњи забонњои эронї кард. Умдаи фаъолиятњои ў пажўњиш дар забонњо ва гўишњои эронї, аз љумла яѓнобї ва суѓдї, забонњо ва гўишњои помирї, забонњои шарќии эронї, гўишњои тољикї, забоншиносии таърихї-татбиќї, фарњанги мардумї ва...буд. Хромов таќрибан дар тамоми бахшњои филологияи эронї даст дошта ва дар бораи онњо изњори назар кардааст. Михаил Андреев (1889-1948) дар Тошканд ба дунё омад. Аз њамон хурдсолї маљзуби забонњои миллатњои Осиёи Марказї шуд ва баъдњо ба омўзиши забонњои форсї, арабї ва туркї рўй овард. Дар соли 1925 узви муассисае ба номи «Љамъияти омўзиши Тољикистон ва халќњои эронии хориљ аз он» шуд, ки њадафаш тањќиќи густарда дар заминаи таърих, фарњанг, забон ва тамаддуни тољикон ва аќвоми эронї буд. Аз Андреев маќолањо ва китобњои зиёде дар заминаи лањљашиносї, бостоншиносї, мардумшиносї, љуѓрофия, таърих, њунар ва... боќї мондааст. Яке аз асарњои бисёр муњимми ў китоби «Тољикони водии Хуф (дар ду љилд) аст, ки пас аз фавташ мунташир шуд.
کلیدواژهها [English]