نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Мањмудхоља Бењбудї сарвари љадидони Осиёи Марказї ва яке аз равшанфикрони огоњ аз вазъи маънавии љомеа ва илму маориф аст. Ин маќола бо њадафи баррасии наќди адабї дар нашрияњои Бењбудї, яъне «Самарќанд» ва «Оина» ба нигориш даромадааст. Яке аз таълифоти Бењбудї ки рагањое аз наќди адабї дар он ба чашм мехўрад, маќолае бо номи «Мунозира» њаќида (дар бораи «Мунозира»)» аст, ки дар он рољеъ ба «Мунозира»–навиштаи Абдуррауфи Фитрат бањс кардааст. Бењбудї «Мунозира»-и Фитратро, ки аз бањси фарангї ва мударриси бухорої иборат аст, барои макотиби усули љадида як асари лозим ва барои ањли Бухоро судовар мешуморад ва аз њунару тахайюл ва мондагории китоб сухан ба миён меоварад. Баррасии ин асар нишон медињад, ки љуз ќисматњои аввали он, соири бахшњояшро наметавон сирф наќди адабї номид. Бењбудї баъдњо дар нашрияњои худ ба љанбаи њунарї ва тахассусии наќди адабї бештар таваљљуњ нишон медињад, ки ин дар зуњур ва шаклгирии наќди навини адабиёти тољик дорои ањаммияти вижа аст. Дигаргунии дидгоњи Бењбудї дар бораи арзиши асари адабї ва интиќоди ў аз тавсифњои умумии ишќї нишондињандаи диди зебоишинохтии мутафовити ўст, ки ношї аз афкори адабии љадидия аст. Силсиламќолањои назарї ва мубоњисе дар бораи театр ва матолибе бо унвони «Шиносномаи китоб» , ки омехтае аз таќриз ва китобшиносист, аз дигар анвоъи наќди осори бадеї дар нашриёти Бењбудист.
کلیدواژهها [English]