نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Яке аз вежагињои муњимми њаёти маънавї асри дањуми мелодї вуруди тафаккури шиа ва коста шудани нуфузи исломи расмист. Албатта, бештари пайравони шиа дар Ироќ ва Њиљоз буданд ва дар ќисматњои шарќии хилофат, бахусус Хуросон ва Мовароуннањр аќидаи суннӣ чира буд. Хулафои Аббосї бар хилофи Умавиён дар умури идорї аз оѓоз ба мардумони эронї такя мекарданд. Бинобарин, табиист, ки бештари хонадонњои мањаллї мазњаби расмии хилофат (яъне суннӣ)-ро ќабул карда буданд. Нигоранда дар ин маќола ба шарњи њокимиятњои мухталиф назири Тоњириён, Саффориён ва бавежа Сомониён, ки дар Мовароуннањр зери ливои њукумати марказӣ, яъне халифаи Аббосї фармон меронданд, пардохта ва аз дину мазњабе, ки ба он муътаќид буданд, сухан рондааст. Мазњаби хонадони Сомонӣ њанафӣ буд ва аксари шањрњои Мовароуннањр бар асоси фиќњи њанафӣ низоми ќазо ва дигар њудуди шаръиро љорӣ мекарданд. Пас аз њанафї пайравони мазњаби шофеї ќарор доштанд. Бешак яке аз сањифањои муњимми таърихи мазњаби рўзгори Сомониён гаравиши Наср ибни Ањмади Сомонӣ ба яке аз шохањои мазњаби шиа, яъне ќарматия аст, ки бархе таърихдонон Рўдакиро низ ба ин фирќа мансуб кардаанд. Ба бовари нигоранда аз он љое, ки ќарматия бадномтарин фирќаи исломӣ дар асрњои дањум ва ёздањум буда ва назди омма њељ обрўе надоштааст, дур аз воќеият менамояд, ки Рўдакї мањбуб амирону вазирони Сомонї ба ин фирќаи бадном гаравида бошад. Нигоранда муътаќид аст, ки Рўдакї на ба ќарматия, балки ба зайдия ё имомия, ки муносибати бењтаре бо режимњои суннии ваќт доштанд, эътиќод доштааст.
کلیدواژهها [English]