نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Яке аз равшанфикрони тољик, ки дар таќвият ва ривољи матбуоти халќњои Осиёи марказї ба вежа дар тањкими зербинои матбуоти форсии тољикӣ сањми чашмгир доштааст, Мањмудхоља Бењбудї аст. Вай њамчун сиёсатмадори солимандеш ва мунсиф дар нашрияњои худ манфиат ва нуфузи халќњои тољик ва турк (ўзбак)-ро ба сурати мусовӣ дар назар мегирифт ва нашрияњои худ, яъне рўзномаи “Самарќанд” ва маљаллаи “Оина”-ро ба забони туркї ва форсии тољикӣ мунташир мекард. Бењбудӣ бо маќолањои худ дар сафањоти “Бухорои шариф” ба унвони фарди форсизабон ва саромади љадидияи Туркистон матрањ шуда буд. Ба њамин далел, баъд аз таътили “Бухорои шариф” тавонист рўзномаи “Самарќанд”-ро ба ду забон мунташир кунад. Дар ин маќола њар ду нашрия (“Самарќанд” ва “Бухорои шариф”) аз манзари муњтаво мавриди баррасӣ ќарор гирифта ва ин натиља ба даст омадааст, ки рўзномаи “Самарќанд” (њарчанд нашри он ба дарозо накашид) дар огоњї ва танвири афкори умумии кишвар ва дар робита ва њусни тафоњуми озодандешони шарќ наќши барљаста дошта ва маљаллаи “Оина” низ дар бедории афкори ислоњотхоњонаи мардуми Туркистон ва Бухоро дорои ањамияти вежа будааст.
کلیدواژهها [English]