نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Бо баррасии осори шифоњии тољикони Осиёи Миёна муњаќќиќон бар ин боваранд, ки фолклори тољик танаввуъи бисёр рангин ва собиќаи дерин доштааст ва осоре арзишманд ва халлоќу омўзандаро дар бар мегирад. Адабиёти оламгири тољик, ки бузургтарин нобиѓањо ва ганљњои илму њунар ба ганљинаи тамаддуни башарї афзуданд, аз «модари улум», яъне фолклор маншаъ гирифтааст. Дар адабиёти омиёна, яъне фолклори тољик рубої ва дубайтї пеш аз анвоъи дигари шеър ривољ ёфта ва дар аксари авќот бо завќи хоссе суруда шудааст. Донишманди соњибном устод Раљаб Амонов муътаќид аст, ки рубої гувоњиномаи орзуњо, дардњо, шодињо, ѓамњо, хушкомињо ва нокомињои мардум дар даврањои гуногун будааст. Баррасии шуморе аз рубоињо ва дубайтињои гўяндагони соњибзавќи тољик нишон медињад, ки бештари онњо аз нигоњи муњтаво ва риояти вазну ќофия ва истифода аз дигар саноеъи шеърї орї аз камбуданд. Ишќ, шикваи ошиќ аз маъшуќ ва ѓами дурї аз ватан аз муњимтарин мавзўъоти рубоињои тољикист. Рубоиёти мардумї низ дарбардорандаи маънї ва мазмунњои мазњабї, ирфонї ва афкори сўфиёна аст, ки дар таъсир ё таќлид аз шуарои машњур аз сўи мардуми омї эљод шудааст.
کلیدواژهها [English]