نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Яѓнобиён ќавме аз нижоди ориёї њастанд, ки забони онњо мансуб ба гурўњи хонаводаи забонњои шарќї аст. Забони яѓнобї идомаи бевоситаи забони суѓдї аст. Яѓнобиёни суѓдизабон дузабонаанд, яъне дар канори забони модарӣ (яѓнобї) забони форсии тољикиро низ медонанд. Тањќиќоти анљомшуда нишон медињад зоњиран ба забони яѓнобї шеъру суруд гуфта нашуда ва фаќат ба забони тољикї эљод шудааст; Бо вуљуди ин дар байни маводи љамъоваришуда аз сўи М.С. Андреев ва Е.М. Пешерева чанд шеъру дубайтї мављуд аст, ки ба забони яѓнобї суруда шудаанд. Яке аз адибони барљастаи яѓнобї Лавњии Яѓнобї аст, ки аслан зодаи Яѓноб аст ва яке аз боистеъдодтарин ва пурмањсултарин шоирони шинохташудаи ѓазалсро будааст. Имрўза коста шудани суннатњои мањаллии яѓнобиро метавон дар таъсири забони тољикї ва сурудњои мардумии тољикї бар фарњанги мардуми Яѓноб арзёбї кард. Шоёни зикр аст, ки дар њаёти фарњанги мардуми суѓд њунари мусиќї низ маќоме хос доштааст. Аз суннатњои мусиќии роиљ ва асили маросимї ё тўдаии мардуми Яѓноб бо навои мусиќї «наът», «мухаммас», «њавозї», «фалак» ва жанри «гўрўѓлисарої», «байтњои ошиќї» ва... будааст.
کلیدواژهها [English]