نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Сањми ањл илму адаб ва фарњанги Самарќанд дар таърихи ташаккул ва тарвиљи илму фарњанги љањон бисёр бузург аст. Њадафи ин маќола баёни баъзе мулоњизањо дар бораи маркази илмї ва адабии Самарќанд дар садаи шонздањи мелодї аст. Тибќи маълумоти манобеъи мухталиф дар садаи шонздањум дар Мовароуннањр ва Хуросон панљ њавзаи адабї иборат аз Њирот, Машњад, Балх, Бухоро ва Самарќанд вуљуд дошт, ки дар миёни онњо доираи адабии Самарќанд бисёр мумтоз буд. Дар ин доираи адабї аз ибтидо то миёнањои садаи шонздањум беш аз панљоњ нафар ањли адаб ва фазл фаъолияти илмї ва адабї доштанд. Аз маълумоти манобеъи мухталиф пайдост, ки дар њавзаи адабии Самарќанд то авоили садаи шонздањуми мелодї адабиёти дарборї умуман вуљуд надошт. Бинобарин, дар ин њавза адабиёти доирањои шањрї ва санъатгарї ќувват гирифт, ки намояндагони барљастаи он Зайниддин Восифї, Девонаи Нишопурї, Нодири Самарќандї, Њалвои Самарќандї, Орифи Самарќандї ва Фурўѓии Самарќандї њастанд. Нимаи дувуми садаи шонздањуми мелодї давраи марказият ёфтан ва устувор шудани давлати Шайбонї дар Самарќанд аст. Тибќи ончи дар тазкираи Мутрибї ва бархе манобеъи дигар омадааст, дар ин давра шуарои ќасидасаро бо вуљуди бархе мусоидатњои њукуматдорон, ањволи маишатї ва маънавии хубе надоштанд. Бинобарин, дар ин давра низ адабиёти доирањои шањрї ва санъатї дар њавзаи адабии Самарќанд равнаќу ќуввати бештаре дошт. Аз љумлаи адибони барљастаи ин маркази адабї дар ин давра метавон ба Нозими Миёнконї, Фигори Самарќандї, Амини Дањбедї, Афзали Самарќандї ва... ишора кард.
کلیدواژهها [English]