نوع مقاله : مقاله پژوهشی
عنوان مقاله English
نویسنده English
Дар Мовароуннањр дар садањои нўњум то дањуми мелодї барои аввалин бор сохтмонњое падид омад, ки намодњо ва тазйиноти даврони пеш аз исломро аз дидгоњи меъморӣ дар худ њифз карда буданд. Ин вежагињо ба вежа дар сохтмони маќбарањо равшантар мутаљаллӣ шуд. Ба тадриљ аз оѓози ќарни дувоздањуми мелодї, оромгоњњои дорои шероза ва гунбаду пештоќњои муќаввас ва кошикориву ва њаккокии рўйи сафол дар меъморӣ зуњур кард. Нигоранда дар ин маќола бархе аз осори нодир дар меъмории Мовароуннањр ва ёдгорињои таърихии ќаламрави Тољикистон њамчун маќбараи Сомониён, маќбараи Тилло Ҳаллољї, маќбараи Хољасарбоз, маќбараи Оќостонбобо, мазори Хоља Абулњаќ, мазори Хољарӯшної, маќбараи Арабаттор, маќбараи Оќмазор, маќбараи Хољадўрбад, маљмўи мазорњои Хоља Нахширонро, ки ба ќарни нуњум то авоили ќарни сездањум мансубанд, баррасӣ карда ва ба ин натиља расидааст, ки сохти ин ёдгорињо гуногун ва мутамоиз аз якдигаранд ва арзишњои меъмори бархе аз онњо бисёр нодир аст ва мањз ин дастовардњои њунарӣ симои меъморињои ќуруни понздањум то њабдањумро равшан кардаанд, зеро таќлид аз ёдгорињои ин даврон дар давраи исломӣ идома доштааст.
کلیدواژهها English