نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استاد
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Пайгирии пажўњишњо ва тањќиќи топоними марбут ба Осиёи Миёна, бидуни тардид боиси касби донишњои лозим дар бораи адён ва мазоњиби ќабл аз ислом ва таъйини љойгоњи маобиди мањаллї ва ибодатгоњњо то ањди ислом мешавад. Нигоранда дар ин маќола ба баррасии рустои Хоразм дар ќарнҳои миёна ба номи «Урсахумисан» ва дењистоне бо номи «Урметан» дар ќисмати болои рўдхонаи Зарафшон пардохтааст. Нигоранда дар хусуси рустои “Урсахумисан” пас аз баррасї ва ироаи гузоришњои мухталиф ба ин натиља расидааст, ки бостоншиносон бояд даќиќан мушаххас кунанд, ки ин шањри њамном бо илоњаи маъбаде, ки дар он ќарор дорад, дар куљо воќеъ будааст. Ин илоња, илоњаи фаровонњосилӣ буда, ки дар он рўзгор дар зиндагии кишоварзон наќши муассир доштааст. Њамчунин, аз илоњањои марбут ба парастиши об будааст. Дар мавриди “Урметан” низ бояд гуфт, маънии ин вожа муртабит бо љанбаи топоними он аст ва аз моддаи эронии mitan (манзили маскунӣ) гирифта шудааст. Нигоранда пас аз баррасии маънии ин вожа ва баёни фарзияњои мухталиф ба ин натиља расидааст, ки наметавон љойгоњи маъбадро дар он љо даќиќан нишон дод, аммо метавон ба асли вуљуди он ишора кард. Маъбади Митро, ба унвони яке аз муњиммтарин худоёни зардуштиён, низ дар њудуди Урметани болооби Зарафшон воќеъ будааст, ки дар даврони бостон роњи тиљорат аз ин љо убур мекард.
کلیدواژهها [English]