نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Яке аз шахсиятњои муборизи равшанфикр, ки дар пешрафти њаракати маорифпарварии исломї ва худшиносии миллии Тољикистон наќше бориз дорад, Мирзо Сирољ мутахаллис ба Доктор Собир аст. Дар ин маќола, ки ба ќасди муаррифии ин шахсияти барљаста ва осори вай ба нигориш даромада, нахуст шарњи мухтасаре аз зиндагии ў баён шудааст. Мирзо Сирољ дар сол 1877 м. дар шањри Бухоро ба дунё омад. Вай зимни тањсили илму дониш пешаи аљдоди худро идома дод ва ба тиљорату саррофї машѓул шуд. Мирзо Сирољ дар соли 1902 м. роњии сафар шуд ва аз бисёре аз шањрњои Аврупо дидан кард. Вай ду бор ба Эрон сафар кард, ки бори аввал муддати њашт моњ дар Сабзвор иќомат гузид ва бори дувум, ки муќорин бо Инќилоби Машрута буд, дар Тењрон ба тањсили улуми тиббї пардохт. Ў аз соли 1910 то 1914 м. дар зодгоњаш- Бухоро зиндагї кард ва ба тибобати беморон, эљоди осори адабї ва рўзноманигорї машѓул шуд. Вай ба њамроњи Мирзо Муњиддин Мансур муассиси нахустин рўзномаи тољикии “Бухорои шариф” аст. Мирзо Сирољ ба раѓми умри кўтоњаш осори адабии пурмазмуне аз худ ба ёдгор гузошт. Ў ба масобаи рўзноманигори варзида маќолоти вазине дар рўзномањо ба нигориш дароварда ва иллати аќибмондагии аморати Бухоро ва мамолики Шарќи исломиро тавзењ додааст. Муњимтарин асари Мирзо Сирољ “Туњафи ањли Бухоро” аст, ки дар он вазъияти сиёсї, иљтимої ва иќтисодии Бухорои асри бистумро шарњ додааст. Вай дар сурудани шеър низ даст доштааст. Ашъори ў, ки бештар дар пайравї аз сабки хуросонї суруда шудаанд, содаву ќобили фањманд.
کلیدواژهها [English]