نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Ин маќола бар он аст, то ба муаррифии бунёнгузорони матбуоти тољик бипардозад ва аз нањваи пайдоиш ва муњтавои матбуот, рўзномањо ва њафтњномањо шарњи муфиде ба даст дињад. Мањмудхоља Бењбудї аз шахсиятњои маъруфи замон буд, ки аз соли 1900 м. борњо ба мамолики мухталифи Шарќ сафар кард ва аз матбуоти расмї ва хусусии Туркистон, матбуоти тоторї ва Озарбойљон истифода кард ва маќолањои зиёде ба табъ расонд. Вай се моњ баъд аз баста шудани рўзномаи «Бухорои шариф» дар моњи апрели соли 1913 м. рўзномаи сезабонаи «Самарќанд»-ро таъсис кард, ки дар муддати кўтоњи фаъолият худ дар бораи вазъи таълим дар Самарќанд ва Бухоро ва дигар шањрњои Осиёи Миёна, Афѓонистон ва мамолики дигари љањон хабарњо ва маќолањо ба табъ мерасонд ва мардумро ба илмомўзї њидоят мекард. Пас аз он Бењбудї нахустин муљаллаи Осиёи Миёна ба номи «Оина»-ро ба ду забон–форсї ва туркї таъсис кард. Ба дунболи Бењбудї Сайидризо Ализода муваффаќ ба нашри нахустин њафтаномаи форсизабон ба номи «Шуълаи Инќилоб» шуд. Дар замоне, ки таќсимоти њудуди миллии Осиёи Миёна шурўъ шуда буд, устод Айнї ва њамсафонаш бо таъсиси рўзномаи «Овози тољик» мардумро ба мубориза ва талош даъват карданд. Ин рўзнома ба мактаби бузурги таљриба ва мањорати рўзноманигорон ва рўзноманигории тољик табдил шуд ва заминаи мусоидеро барои ба вуљуд омадани рўзномањо ва маљаллањои нави тољикӣ мисли муљаллаи "Дониш ва биниш" ва дигар маљаллањо фароњам кард, ки дар ин маќола ба онњо ишора шудааст. Нигоранда дар поён чунин натиља гирифтааст, ки Самарќанд дар ташкили матбуоти адворї ва нашриёти навини тољикї наќши муњимме ифо карда ва дастпарварони ин мактаби бузург бо сарварии устод Садриддин Айнї дар бунёди давлати навтаъсиси тољикон ва ба маркази илму фарњанги табдил шудани он хидмати чашмрсе кардаанд, ки дар таърихи навини тољикон сабт шудааст.
کلیدواژهها [English]