نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Баррасии лањљањои забонњои аќвоми мухталиф солњост, ки мавзўи тањќиќи уламои забоншинос ќарор дорад. Дар кишвари кунунии Тољикистон чандин гўиш вуљуд дорад, ки яке аз онњо гўиши мардуми Хуљанд аст. Ин гўиш тибќи баррасии муњаќќиќон мансуб ба шохаи Фарѓонаи ѓарбии гўишњои шимолї аст. Яке аз вижагињои умдаи ин гўиш вуљуди луѓот ва аносири забонии бисёр ќадимї аст, ки акнун дар забони меъёр мансух шудаанд, аммо дар гўиши мардуми ноњияи Хуљанд мањфуз мондаанд. Ин аносири луѓавии асил тањти шароити забонї ва фарозабонї бо гунаи куњани худ каме мутафовит љилва мекунанд. Дар ин маќола ба намунањое аз ин вожањои асили гўиши мардуми Хуљанд, мисли гармак, калпатра, дина, чима, бевї, ѓеша, ќоќ, ќанор, онанда, ўстар, љува, њўпоќ, сандуф, фарѓон, ќулоќ, ќашанг, њиќичоќ (њиќичиќ), дошта, шунидан ва усул ишора шуда ва сайри татаввури ин вожањо бо такя бар фарњангњои куњан шарњ додаву баррасї шудааст.
کلیدواژهها [English]