نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Рўдакї аз шоирони бузурги забони форсї аст, ки дар яке аз рустоњои адабпарвари Тољикистон дида ба љањон гушуд. Мавзўъи гирдоварии эљодиётии шифоњии бадеии њамдиёрони Рўдакї сабаб шуд, ки њайате ба дењањое, ки бо номи Рўдакї иртибот доштанд, равона шаванд ва бо анљоми тањќиќоти майдонї ба љамъоварии намунањои фолклори диёри Рўдакї иќдом кунанд. Дар љамъоварии намунањои фолклор талоше шуд гўиши мардуми бумї дар њадди имкон њифз ва асарњои мардумї айнан сабт шавад. Талошњое, ки дар ду сафари соли 1956 в1957 м. анљом шуд, ин имконро ба вуљуд овард, то Р. Амонов ва М. Шукуров маљмўъаи “Намунаи фолклори диёри Рўдакӣ”-ро тартиб дињанд ва дар Нашриёти давлатии Тољикистон соли 1958 м. дар Столинобод ба табъ расонанд. Шоёни зикр аст, ки дар рустоњои мансуб ба зодгоњ ва диёри Рўдакї, яъне дењањои Шинг, Тирагон ва Рашнаи Поён ва Рашнаи Боло чандин шоири соњибдевон низ бархостаанд. Аз љумлаи ин шоирон Љазбї, Мањљур, Имло, Яъќуб ва... њастанд, ки бархе аз сурудањои онњо дар ин маќола оварда шудааст. Натиљаи њосил аз баррасии ин ашъор он аст, ки фолклор ва эљодиёти шифоњии бадеии њамдиёрони Рўдакї хеле рангину пурмуњтаво њастанд ва сурудањои ин афрод њамчун ашъори оламгири Рўдакї ёдгоре вазин барои насли оянда ба шумор меравад.
کلیدواژهها [English]