نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Кўлоб яке аз шањрњои бостонии кишвари Тољикистон аст, ки дар тайи ќарнњои гузашта хостгоњи шахсиятњои бузурги илмї, фарњангї ва адабї будааст. Дар чанд дањаи ахир низ аз ин минтаќа шоирон ва нависандагони љавон вориди арсаи адабиёт шудаанд. Ин адибон парвардаи замони истиќлол, баъд аз фурўпошии Шўравї њастанд. Бад-ин сабаб мавзўъ ва масъалањои мавриди тасвири эљодиёти ин адибон бо љараёнњое, ки дар кишвари соњибистиќлоли Тољикистон рух медињад, башиддат дар иртибот аст. Нигорандаи маќола рољеъ ба осори ду нависандаи тавоно Абдулњамид Самад ва Сайф Рањим, ки љузъи њамин даста аз адибони муосиранд ва њар асари тозаи онњо њодисае адабї дар адабиёти тољик ба шумор меравад, ба баёни аќида пардохтааст. Вай муътаќид аст навъњои њикоят ва ќисса дар насри тољик аз бисёре љињот ба осори ин ду нависанда вобаста аст. Аз сўе дигар сабки нигориши ин ду нависанда бо њамдигар мутафовит аст. Сабки Абдулњамид Самад омехтаи тасвирњои равонї ва интизоъї аст ва муњтавои тасвирњои Сайф Рањимро рамз ва тамсил ташкил медињад. Нигоранда бар ин бовар аст, ки Абдулњамид Самад њунари волое дорад, ки сарнавишти ќањрамонони гуногунхислатро баѓоят муътамид ва муассир ба ќалам медињад ва дар офаридањои ў таќдири одамиён ва њодисањои ногањонї ва печида равшану возењ ба њам омадаанд. Аз дигар сў дар мавриди Сайф Рањим ба ин љамъбандї расида, ки дар љањонбинии ў шахсияти инсон ду љанба дорад: дар як љанба инсон таќдирашро худаш таъйин ва роњи зиндагияшро худаш муайян мекунад, яъне таќдирсоз аст; Ва дар љанбаи дигар инсон дар амалу рафтори худ озод нест, балки мутеъи ќавонин, навиштаи перомуни инсонњо ё сохтори иљтимоист. Аз мутолиаи осори Сайф Рањим метавон чунин натиља гирифт, ки асарњои нависанда дар њељ ќолаби маъмулие намегунљад.
کلیدواژهها [English]