نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Мубораки Вахонї (1824-1902) ориф, шоир ва њунарманди тавоно ва аз бунёнгузорони каломи исмоилї дар арсаи фарњанги миллати тољик аст. Нуктаи марказии афкори фалсафии ў дар Куллиёт, «Њољот ва мунољот», «Ќатрату-л-бањр», «Толиб ва Матлуб» ва дигар осори вай ошкоро баён шудааст. Аз лињози шакл ва ќолаби шеър китоб «Толиб ва Матлуб» ва соири китобњои Мубораки Вахонї ба љуз девони ашъори ў њама ба сабки маснавї суруда шудаанд. Осори Вахонї, хусусан «Толиб ва Матлуб» аз лињози сабку мафоњим ба «Илоњинома»-и Хоља Абдуллоњи Ансорї шабоњат дорад, ки дар ин маќола ба намунањое аз он пардохта шудааст. Аз вижагињои муњимми китоби мазкур истифода аз лањљаи вахонї (лањљаи бахши кўчаке аз Бадахшони Тољикистон ва Афѓонистон) аст, ки ин тарзи истифода аз лањља дар осори сўфиёни пеш аз ў чун Бобо Тоњири Урён низ мушоњида мешавад. Аз тањлили осори Мубораки Вахонї, хусусан «Толиб ва Матлуб» метавон ба ин натиља расид, ки вай истилоњоти сўфияро фаровон истифода карда ва њафт шањри ишќро агар њам напаймуда бошад, ба онњо ошноии комил доштааст.
کلیدواژهها [English]