نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Муњаммадлиќо аз шоирони тољик аст, ки бештари њаёти ў дар даврони пурнишебуфароз, ноором ва пур аз њодисањои сиёсї ва иљтимоии Осиёи Миёна дар нимаи дувуми ќарни нуздањум ва нимаи аввали ќарни бистум сипарї шудааст. Ин маќола шарњи мухтасаре аз зиндагонї ва шахсияти ин шоир ва низ ашъори арзандаи ўст. Вай дар соли 1294 ќ. дар рустои Ёгеди кўњистони Бадахшон ба данё омад. Баъд аз фарогирии хондан ва навиштан ба улуми шаръї ва маорифи илоњї ва љараёнњои тасаввуф таваљљуњ нишон дод, ки ин мафоњим ба вуфур дар ашъораш инъикос ёфтааст. Тибќи таъкиди шоир дар «Соќинома»-аш ба назар мерасад њангоми тартиб додани девони ашъор 35 сол доштааст. Дар авоили солњои сии ќарни бистум, ки дар Шўравї маъракаи инќилоби маданї ба љўшу хурўш мегузашт, Муњаммадлиќо бо туњмати бадхоњон мавриди таъќиб ќарор гирифт ва ночор шуд бо хонаводааш ба он сўи дарёи Панљ бигурезад. Ин таъќибу гурез ба ин љо хатм нашуд ва баъдњо низ зиндагї шоир ва хонаводаашро бо душворињои зиёде мувољињ кард. Бозтоби ин нооромињо ва яъсу ноумедиро дар ашъори шоир метавон мушоњида намуд. Аз ашъори Муњаммадлиќо ду девон ва њамчунин ќитъањои зиёди машќи хат дар даст аст, ки то синни шастсолагии ў таълиф шудааст. Ончи мусаллам аст, Муњаммадлиќо шоири баркамол ва пурмањсул буда ва дар анвоъи ќолабњои шеърї мисли ѓазал, рубої, ќитъа, маснавї ва... се девон навишта, ки бештари онњо ѓазалиёти бо мавзўи ишќи илоњї аст. Дар осори шоир ба баёни масоили ахлоќї низ диќќати фаровон шудааст ва таќрибан њељ шеъре ёфт намешавад, ки дар иртибот бо масоили ахлоќї набошад.
کلیدواژهها [English]