نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استاد پژوهشگاه زبان، ادبیات و شرق شناسی و میراث خطی آکادمی علوم تاجیکستان
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Наврўз дар ќадимтарин таърихи љањон љашн соли нав аст ва решаи маънавияшро бояд дар андаруни њазорсола љуст. Фарњангшиносон пайдоиши иди Наврўзро дар ќолаби гумон андар, мурдани табиат дар замистон ва аз нав зинда шудани он дар бањор маънї мекунанд, ки дар замони ќадим ба забони шеър ва устура баён мешуд. Њарчанд Наврўз байни ориёиёни Шарќ зуњур карда, иди њамаи халќњо ва њамаи фарзандони Одам аст. Аз њамин рў метавон гуфт Наврўз дар радифи њамагонитарин љашнњои мардумї дар љањон аст. Аз назари илми ситорашиносї фарогир шудани иди Наврўз тамоман равшан буд: эътидоли бањорї (баробар шудан шабу рўз), ки Наврўзи моро њусни оѓоз бахшидааст, дар њама гуна солшуморињои шамсї, аз Таќвими Мая гирифта то Таќвими Љалолї мазкур аст. Дар бораи иллати фарогир шудани Наврўз назароти гуногуне вуљуд дорад. Иди Наврўз ба ќавли Хайём, љашне барои бузургдошти офтоб буда ва оинаш ин будааст, ки «љањониён (мањз љањониён, на ориёиён ё эрониён) ба љалолу таъзим бар вай бингаранд. Нигоранда дар поён чунин натиљагирї кардааст, ки Наврўз барои миллатњои некирода ва боѓайрат рўзи андўхтани ќувват ва ќудрати рўњонї ва равонї аст. Наврўз дар воќеъ њамагонитарин љашни соли нав аст ва аз ин љињат њељ иди дигаре наметавонд бо он лофи баробарї занад.
کلیدواژهها [English]