نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
معاون دبیرکل آکادمی علوم جمهوری تاجیکستان؛ استاد فلسفه دانشگاه ملی تاجیکستان
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Мирсаййидалии Њамадонї аз зумраи орифон ва адибони пуркорест, ки осори фаровони илмию адабї таълиф кардааст ва муњаќќиќон теъдоди онњоро беш аз 170 нусха донистаанд. Яке аз осори боќимондаи ў маснавии «Њафт водї» аст, ки 642 байт дорад. Дар бораи мансуб будани ин маснавї ба Мирсаййидалии Њамадонї миёни муњаќќиќон ихтилофи назар вуљуд дорад. Бархе чун Њерман Эте, Шпрингер ва Алии Муњаммадии Хуросонї ин маснавиро асари Аттори Нишопурї донистаанд. Аммо Саид Нафисї, Муњаммад Риёз, Моњирхоља Султонзода, Њотам Асозода ва... таъкид кардаанд, ки «Њафт водї»-ро бо ин ки талхис ва фишурдаи «Мантиќуттайр» аст, метавон мутааллиќ ба Мирсаййидалии Њамадонї донист. Дар ин маќола бо такя ба назароти бархе аз ин муњаќќиќон, иштирокот ва тафовутњои ин ду асар ба ихтисор баррасї шудааст. Дар поёни ин бањсу баррасї нигоранда чунин натиљагирї кардааст, ки дар «Њафт водї» муаммои вањдат бо далелу бурњонњои раднопазир ва бадеъе дар хилъати ирфонї матрањ шудааст ва њамин мавзўъ нишон медињад, ки маншаъи «Њафт водї»-и Мирсаййидалї андешаи вањдати вуљуд аст. Соликон бо роњнамоии пир ба сафар бармеоянд ва баъд аз расидан ба маќсади нињої дарк мекунанд, ки њаќќу халќ ва вањдату касрат якест. Дар «Њафт водї» душворињои роњи солик бо обуранги бадеї тасвир ва шарњ ёфтааст.
کلیدواژهها [English]