نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
پژوهشگر تاجیک، عضو انجمن نویسندگان تاجیکستان
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Вожаи «шикар» ва таркиботу истилоњоти бархоста аз он мисли шакарбор, шакарпора, шакарбўра, шакарпалав, шакарпанир, шакаршикан ва... дар насру назми форсию тољикї дар мавориди муносиб ба кор рафтаанд. Аммо њељ шоире ба андозаи Наќибхон Туѓрали Ањрорї аз ин таъбирњо ин ќадр фаровон ва он њам бо устодии тамом истифода накардааст. Дар ин маќола анвоъи ин таркибњо ва истилоњот ва нањваи корбурди онњо дар ашъори ин шоири тавонманд баррасї шудааст. Дар бахши дигаре аз маќола низ нигоранда дар бораи андешањои мухталифе, ки рољеъ ба шахсият ва осори Наќибхони Туѓрал матрањ шуда, бањс кардааст. Тибќи ончи дар манобеъи гуногун омадааст, Туѓрал дар соли 1865м дар хонаводаи яке аз давлатмандони ноњияи Фалѓар ба дунё омад ва дар соли 1919м дар 55- солагї аз сўи сарбозони болшевик бар асари туњмати бепоя ба ќатл расид. Осори адабии вай сафњаи тобноке дар таърихи адабиёти форсї мањсуб мешавад. Девони ў дар соли 1916м дар шањри Когон ба нашр расид. Дар миёни ашъори Туѓрал ѓазал љойгоњи вижае дорад. Аз мутолиаи ѓазалёти ў метавон натиља гирифт, ки вай аз пайравони сабки Бедил аст ва дар пайравї аз ин сабк салиќаи хосси худро дорад. Танзу њаљв низ дар осори ў љойгоње хос дорад. Танзи ў њовии мавзўоти иљтимоист, ки дар ќолаби ѓазал ва рубої суруда шудааст.
کلیدواژهها [English]