نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استاد دانشگاه
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Дар адабиёти форсии Эрон ва форсии тољикии Мовароуннањр ба муносибатњои иртиботи сиёсї ва иќтисодию фарњангї бо кишварњои Аврупо љараёни тозае шакл гирифт, ки аз намудњои боризи он вуруди ибороту таркибњо ва тасовири тоза дар забони адабї, бавижа шеър буд. Дар ин маќола заминањои иљтимоии ин љараён дар шеъри форсии Эрон ва форсии тољикї баррасї шудааст. Собиќаи нуфузи кишварњои ѓарбї ба Эрон ва Осиёи Миёна ба давраи Темуриён ва њатто пеш аз он бармегардад. Дар Эрон ављи ин равобит марбут ба даврони Сафавия аст. Аз њамин замон доманаи таъсири ин равобит дар адабиёти форсї низ густарда мешавад. Ашъори ин давра саршор аз мазомини тоза ва тасовири нав ва таркибњои љадид мисли «рухи фаранг», «бути фаранг»... аст. Ин гуна асаргузории фарњанги Аврупои Шарќї дар фарњангу адабиёти форсии тољикї дар Осиёи Миёна чанде дертар, аз нимаи дувуми садаи шонздањуми мелодї оѓоз шуд ва дар пайи густариши равобити тиљорї ва дипломатї бо Русия равнаќ гирифт. Заминаи эљоди тасовири тоза дар адабиёти форсии тољикї низ ба дунболи њамин иртиботи сиёсї, иќтисодї, тиљоратї, илмї ва фарњангї миёни хоноти Осиёи Миёна ва Русияи подшоњї ба вуљуд омад. Гароиш ба ин навоварињо дар ашъори шоироне чун Нодими Истаравшанї, Нозили Хуљандї, Мирзосиддиќи Фано ва... дида мешавад. Ин баррасињо њокї аз он аст, ки дар тафаккури иљтимоию фарњангї ва адабии мардуми Эрон мафњуми «фаранг» аз миёнањои ќарни њабдањум тањти таъсири нуфузи Аврупои Ѓарбї ва Љанубї будааст. Ин мафњум дар тафаккури иљтимоию фарњангї ва адабии мардуми авохири садаи њаждањум ва авоили садаи нуздањуми Осиёи Миёна низ нишон аз таъсири нуфузи Аврупои Шарќї дорад. Бинобарин, асаргузории бевоситаи аврупоиён дар тарзи зиндагии мардуми Эрон аз нимаи аввали садаи њабдањум ва дар тарзи зиндагии сокинони Осиёи Миёна чанди дертар, аз нимаи дувуми садаи њаждањуми мелодї шурўъ шудааст.
کلیدواژهها [English]