نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
دکترای فیلولوژی، استاد دانشگاه ملی تاجیکستان
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Љавњар ва мояи асли сабкеро, ки ба «сабки њиндї» маъруф шудааст, таљрид ташкил медињад, ки дар њаќиќат ба кор гирифтани тахайюли шоирона дар баёни матлаб аст. Дар раванди тањаввули шеъри форсї њар ќадар шеър барои баёни маонии борик ва макнуноти ќалбї ба кор гирифта шуда, ба њамон андоза нишонањои сабки баёни таљридї, яъне сабки њиндї, дар он бештар шудааст. Њамин навъ ишороти ороста ба таљрид ва ташхис дар ашъори Њофизи Шерозї фаровон аст. Дар маќолаи њозир ин вижагї дар ашъори Њофиз бо зикри намунањое баррасї ва бо ашъори Бедил муќоиса шудааст. Нигоранда дар баёни ин ки чаро бовуљуди пешрав будан Њофиз дар бакоргирии ин вижагї, ин сабк ба Бедил нисбат дода шуда, такрори ин вижагї ва истифодаи фаровон аз онро дар ашъори Бедил далели ин амр донистааст. Албатта дир айни њол барои Њофиз аз ин назар, ки саргарми ибораорої набуда ва бе такаллуфу тасаннуъ ин вижагиро ба кор гирифта, дар муќоиса бо Бедил имтиёз ќоил шудааст. Дар поён нигоранда натиља гирифта, ки сабки њиндї ё сабки бедилї њосили истифодаи огоњона аз имконоти вижаи забони форсии тољикї, бавижа ташхиси исмњои маънї ва таљриди исмњои моддист, ки њосил аз табиат ва сиришти забони форсї аст.
کلیدواژهها [English]