نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
دکترای فیلولوژی، استاد دانشگاه ملی تاجیکستان
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Њарчанд адабиёт ва фарњанги тољикї њамвора бо тањаввулот ва дигаргунињои бузурги иљтимої буда, њаргиз дар њељ маќтаъи таърихї ќудрат ва тавоноияшро аз даст надодааст. Садаи нуздањум яке аз даврањои бисёр боањаммият дар таърихи адабу фарњанги тољик аст. Шароити хосси таърихии њоким бар ин давра сабаб шуда буд, ки Тољикистон дар шароити сиёсї ва иљтимоии душворе ба сар барад. Дар нимаи аввали асри нуздањум адабиёти тољик дар раванди адабии «дузбонї» (тољикї ва ўзбакї) ќарор дошт. Дар рањої аз ин њолат ва барои густариши адабиёти форсизабон љараёни равшангарої ва маорифпарварї наќши муњимме ифо кард. Аз намояндагони муњимми ин љараён, ки наќше инкорнопазир дар равшангарї ва бедории мардуми тољик дошт, Ањмади Дониш аст. Яке аз пайравони Ањмади Дониш дар авохири садаи нуздањум, ки дар умри на чандон тўлонии худ мероси гаронбањое ба ёдгор гузошт, Шамсиддини Шоњин аст, ки дар ин маќола шарњи мухтасаре аз зиндагї ва осори ў омадааст. Шоњин дар мактаби бузурги адабиёти классики форсї ва тољикї ба камол расида ва мањорати баланд ишоирї њосил кардааст. Аз ин шоири љавонмарг ѓазалиёт ва ќасида, мусаддасот ва мухаммасот, тарљеъбанд ва таркиббанд, ќитъа, рубої ва осоре чун достони «Лайлию Маљнун», маснавии нотамоми «Туњфаи дўстон» ва асари мансури «Бадоеъуссаноеъ» боќї мондааст, ки њар кадом аз мањорат ва ќобилияти ў шањодат медињанд. Љасорати Шоњин дар танќид ва накўњиши тартиботи иљтимої ва низоми мамликатдорї ба шиддат мутаассир аз Ањмади Дониш аст. Баррасии осори Шоњин нишон аз маќоми вижаи ў дар адабиёти тољики нимаи дувуми садаи нуздањум ба масобаи шоир ва нависандаи пешќадам дорад.
کلیدواژهها [English]