نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
دکترای فیلولوژی، استاد دانشگاه دولتی خجند
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Пайванди њавзаи адабии Шероз ва таъсири азамати андеша ва тафаккури суханварони ин сарзамин бар адабиёти форсии Фарорўд аз рўзгоре намуд пайдо мекунад, ки дар ин ду минтаќа заминаи ба камол расидани адабиёти форсї фароњам шудааст. Нахустин бањси ин маќола таъсири сухани Саъдї ва Њофиз дар суханварони њамањди худ дар Фарорўд аст. Иттилооти мављуд дар манобеъи мухталиф нишондињандаи пайванди Саъдї бо Сайфи Фарѓонї ва Њофиз бо Камоли Хуљандї аст. Албатта, равобити адабии ин ду њавза баъд аз зуњури Саъдї ва Њофиз густариши бештаре ёфт, зимни ин ки љойгоњи андешаву афкори Њофиз дар шеъри шоирони њавзаи Бухоро таъсири дархури таваљљуње гузошт. Шояд иллати аслї касрати нусахи хаттї ва чопи лавњи девони Њофиз дар китобхонањои Фарорўд аз њамин мавзўъ нашъат гирифта бошад. Бештари тазкиранависон аз пайравии шоири маъруфи бухороии њамасри Њофиз–Носири Бухорої, сухан гуфтаанд. Дар садањои баъд низ шоирони људогонаи бухорої новобаста ба нуфузи сабки њиндї, мисли Исмати Бухорої, Абдуррањмони Мушфиќии Бухорої, Шавкати Бухорої, Мирзосодиќи Муншии Бухорої, Возењи Бухорої, Зуфархон Љавњарии Истаравшанї ва Шамсиддини Шоњин аз равиши Њофиз пайравї ва аѓлаби сурудањои ўро истиќбол карданд. Нигорандаи маќола дар поёни баррасии таъсири њавзаи мактаби адабии Шероз дар таквини шеъри форсии Фарорўд ба ин натиља расидааст, ки њарчанд адабиёти форсї дар Фарорўдон аз замони Сомониён дар маќоми ривољу шукуфої ќарор дошт, зуњури Шайх Саъдї ва Хоља Њофиз дар рушди бештари адабиёти Фарорўдон наќши муассир доштааст.
کلیدواژهها [English]