نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
دکترای فیلولوژی، استاد دانشگاه دولتی خجند
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
То замони ављи сабки њиндї дар шибњи ќораи Њинд ва њатто наздик ба он рўзгор дар Фарорўдон шоироне ба сар мебурданд, ки муњимтарин суннат ва вижагињои сабки њиндиро дар ашъори худ бозтоб медоданд. Дар тазкираи «Намунаи адабиёти тољик»-и Садриддин Айнї исми шоирони зиёде омадааст, ки дар њамин рўзгор ба сар бурда ва дар ашъорашон шевањои хосси сабки њиндиро ба кор гирифтаанд. Дар ин маќола бархе аз муњимтарини ин шоирон муаррифї шуда ва зимни ароаи намунаи ашъори ин шоирон, бархе аз вижагињои шеърии онњо бањсу баррасї шудааст. Шавкати Бухорї аз нахустин суханварони муътабари Варорўд аст, ки вижагињои сабки њиндиро дар ашъораш мутаљаллї кардааст. Чунонки аз ашъори Шавкат пайдост, ў то ављи зуњури Соиб ва Бедил ашъорашро бо он вижагињое, ки баъдњо ба номи «сабки њиндї» маъруф шуд, музайян кардааст. Саййидои Насафї аз дигар шоирони маъруфи даврони ривољи сабки њиндї дар Фарорўд аст. Пас аз нуфузи ашъори Бедил ва Соиб дар Фарорўд мактаби пайравони Бедил дар ин минтаќа арзи њастї кард ва шоирони зиёдеро дар вусъатободи худ љамъ овард. Аз муњимтарини ин шоирон метавон ба Наќибхон Туѓрали Ањрорї ва Зуфархон Љавњарии Истаравшанї ишора кард, ки дар ин маќола барљастатарин вижагињои шеърии онњо ба унвони шоирони пайрави сабки Бедил табйин ва баррасї шудааст. Дар марњалаи љадиди ташаккули шеъри форсї дар Тољикистон падидањое рўи кор омаданд, ки гоњ шеваи баён ва услуби сабк Соиб ва Бедилро ба хотир меоваранд. Аз шоирони пайрави сабки Соиб метавон ба Лоиќ Шералї ва аз пайравони сабки Бедил ба Садриддин Айнї, Гулназар, Фарзонаи Хуљандї, Суруш ва... ишора кард.
کلیدواژهها [English]