نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Водии Њисор дар љануби Тољикистон љойгир аст, ки дар њудуди он ноњияњои Њисор, Шањринав, Турсунзода, Рўдакї, Вањдат ва шањри Душанбе воќеъ шудаанд. Барои омўзиши таърихи Њисор дар баробари маводи бостоншиносї ва хаттї сиккањо низ манбаъе муњим ба шумор мераванд. Ба таври куллї пайдо шудани сиккањо дар атрофи шањри Душанбе нишон аз вуљуди муомилоти пулї дар саросари водии Њисор дорад. Ќадимтарин сиккаи кашфшуда дар ин водї мутааллиќ ба давраи Селевкиён аст. Шаш дафина ва шумори зиёди сиккаи мисини кўшонии ёфтшуда дар ин минтаќа њокї аз рушду нумуви тиљорат ва муомилоти пулї дар водии Њисор дар давраи Кўшониён аст. Албатта, дар ин давра дар навиштањои сиккањо низ таѓйироти љиддї рух додааст. Дар асри панљуми мелодї дар минтаќаи љанубии Осиёи Миёна, аз љумла водии Њисор сиккањои нуќраии мутааллиќ ба шоњони соcонї интишор меёбанд. Ганљинаи ёфтшуда дар Душанбеи ќадим, ки иборат аз 39 дирњами шоњони соcонї буд, ин мавзеъро таъйид мекунад. Бо зуњури ислом дар асрњои 7-8 мелодї дар Эрон ва Осиёи Миёна марњалае нав оѓоз мешавад, ки тайи он дар сиккасозї ва муомилоти пулї низ таѓйироте бунёдин рух медињад. Ёфт шудани дирњами умавї ва ду дафинаи дирњамњои аббосї дар ноњияи Њисор нишон аз вуќўъи ин таѓйирот дорад. Сиккањое аз асри сомонї, салљуќї, хоразмшоњї, муѓул ва темурї низ дар водии Њисор кашф шудааст, ки бо баррасии онњо метавон ба муомилоти пулии роиљ дар он рўзгорон пай бурд. Аз дигар сиккањои кашфшуда дар водии Њисор метавон ба сиккањои марбут ба шайбониён, хонадони аштархонї ва манѓитњо ишора кард. Нигоранда пас аз баррасии сиккањои ёфтшуда аз водии Њисор ба ин натиља расидааст, ки муомилоти пулї аз даврањои бисёр ќадим, асри севуми пеш аз мелод дар ин ноњия пайдо шуда ва то ибтидои асри бист дар тараќќї будааст.
کلیدواژهها [English]