نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
عضو اتحادیه نویسندگان تاجیکستان
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Њисор, водии Њисор ё мулки Њисори Шодмон сарзамин пур аз файз ва диёр таърихии Тољикистон аст. Ин ноњия њамчун маркази сиёсї, идорї ва фарњангї дар тўли таърих дар њаёти мардумони Мовароуннањр наќши калидї ифо кардааст. Дар ин маќола, ки бо њадафи баррасии доираи адабии Њисори Шодмон ба нигориш даромада, пайванди њаёти адабии ин сарзамин бо адабиёт ва фарњанги Тољикистон ва низ иртиботи он бо адабиёти тамоми форсизабонон мавриди таваљљуњ ќарор гирифтааст. Доираи адабии Њисори Шодмон ба мувозоти бунёди адабиёти навини тољик аз њамон даврони давлатдории Тоњириён, Сомониён ва Чаѓониён оѓоз ёфтааст. Адабиёт дар Њисори Шодмон дар асрњои баъдї низ тараќќї ва такомул доштааст. Мутаассифона дар асрњои 11-14 мелодї бисёре аз навиштањои адибони ин сарзамин ба боди фано рафтаанд. Аммо дар бораи ањли адаби Њисор дар асрњои 15-16 мелодї ба баракати вуљуди манобеъе чун «Бадоеъулваќоеъ», «Маљолисуннафоис» ва... маълумоти нисбатан бештаре ба дасти ањли адаб расида ва чунонки маълум аст, доираи адабии Њисор пеш аз асри понздањум рў ба тавсиа нињода будааст. Дар асри шонздањум зикри номи Хондмир-муаллифи «Равзатуссафо» ба унвони яке аз намояндагони доираи адабии Њисор боиси сарбаландии мардуми ин ноњия аст. Навої низ дар «Маљолисуннафоис» дар бораи шоирони њисориюласл маълумоти арзанда додааст. Доираи адабии Њисори Шодмон баъд аз ќарни понздањум бо тамоми гароишњо ва љараёнњои адабиёти форсї пайванди ногусастанї дорад. Дар асрњои 17-20 мелодї шоирони њисориюласли зиёде чун Мирзо Њасрат, Парї, Ирсї, Љазбї ва... ба халќи асар пардохтаанд, ки ин њокї аз љойгоњи сазовори шоирони њисорї дар ин давра аст. Дар даврони Шўравї низ њузури шахсиятњои адабии навоњии гуногун, аз љумла водии Њисор дар шањри Душанбе сабаби эљоди мањофили адабї шуд. Пас аз истиќлоли Тољикистон доираи адабии Њисор муљаддадан эњё шуд ва нависандагони зиёде чун Њидоятулло Рањмонї, Султонмуроди Одина ва... ба фаъолият дар ин доираи адабї машѓул шуданд.
کلیدواژهها [English]