نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Яке аз муњимтарин њавзањои адабии Мовароуннањр, ки дар рушди раванди адабиёти тољик таъсир гузошта, доираи адабии Њисор аст. Дар ин маќола саъй шудааст баъзе аз љанбањо ва вижагињои адабии мазкур баррасї шавад. Њисор бо муассисоти фарњангї ва ањли адаби худ шуњрат доштааст. Дар миёни њокимони Њисор ашхоси илмуадабдўст низ будаанд, ки дар рушди фарњанги ин кишвар сањми басазо доштаанд. Аз љумлаи ин њокимон метавон ба Њишомсултонќул ќушбегї ва... ишора кард. Дар ќарнњои 17-19 мелодї низ шоирони зиёде бо сабабњои гуногун ватани худ- Њисорро тарк кардаву ба шањру кишварњои дигар, бахусус Њиндустон, сафар кардаанд. Тарки ватани шоирон, ки пеш аз њар чиз ба вазъи ногувори рўзгори онњо бозмегардад, дар Мовароуннањр дар ин давра хеле маъмул буд. Тасвири ин авзоъи ногувор дар ашъори Њасрати Њисорї, Ирсї, Фориѓ ва бахусус Карим-девона намуди бештаре дорад. Дар осори шоирони Њисор мавзўи ѓарибї низ љойгоњи хос дорад ва ин бешак бо вазъи зиндагии мардум ва бавижа ањл илму адаб иртиботи ќавї дорад. Дар осори боќимондаи шоирони њавзаи Њисор мавзўоти мухталифи иљтимої ва ахлоќї низ бозтоб ёфтааст. Тасвири њаводис, ваќоеъ, ашхос ва ашёи мушаххас низ дар осори шоирони Њисор хеле зиёд аст. Ѓазал, ќасида, маснавї ва мухаммас аз ќолабњои пуркорбурд ва ќитъа, рубої, мустазод, таркиббанд ва тарљеъбанд аз ќолабњои нисбатан камкорбурд дар миёни шоирони Њисор аст. Навъи тозае, ки дар њавзаи адабии Њисор арзи вуљуд карда, титол аст, ки дар осори Њасрат дида мешавад. Сабки шоирони ин ноњия низ идомаи сабки хуросонї ва ироќї ва ё омехтаи хуросонї ва њиндї аст. Нигоранда дар поён чунин натиљагирї карда, ки њавзаи адабии Њисор аз аљзои ташкилдињандаи адабиёти тољик аст ва баррасии амиќу њамаљонибааш ба њаллу дарки масоили марбут ба таърихи адабиёт бисёр мусоидат хоњад кард.
کلیدواژهها [English]