نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
دکتر علوم تاریخ، پژوهشگاه تاریخ، باستان شناسی و مردم شناسی آکادمی علوم جمهوری تاجیکستان
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Њисор дар таркиби давлати Темуриёни авохири садаи понздањуми мелодї аз манотиќе буд, ки имтиёзоти хоссе дошт. Дар ин маќола ба ихтисор дар бораи авзоъи сиёсии авохири садаи понздањум ва авоили садаи шонздањуми Мовароуннањр ва наќши Њисор дар вазъияти сиёсии ин сарзамин ибрози назар шудааст. Дар ибтидо рољеъ ба авзоъи њокимият дар Мовароуннањр, аз љумла Самарќанду Бухоро бањс шудааст ва теъдоде аз њокимони Њисор, ки мавриди њимояти хонадони Темурї буданд, муаррифї шудаанд. Яке аз мавзўъоте, ки дар баррасии авзоъи ин минтаќа дар авоили садаи шонздањум љалби назар мекунад, фољиъаи ќањти Њисор аст. Ин њодиса ѓолибан аз диди пажўњишгарон дур мондааст ва тасвири он љуз дар «Таърихи Рашидї»-и Муњаммадњайдари Дуѓлот, дар дигар манобеъи таърихии марбут ба ин замон дида намешавад. Дар идомаи маќола рољеъ ба талоши бебарор барои ба даст овардан њокимияти аздастрафтаи Темуриён дар Мовароуннањр бањс шудааст. Дар поёни маќола нигоранда пас аз баррасии ваќоеъи мутааддиде, ки дар таърихи мавриди назар дар Мовароуннањр, бавижа водии Њисор рух дода, ба ин натиља расидааст, ки Њисор њамеша ба масобаи нигини пурљилое дар ангуштари Мовароуннањр буда ва дар њар давру замоне њар хонадоне, ки дар Мовароуннањр ба ќудрати сиёсї расида, талош кардааст, ки ин вилоятро дар ихтиёр дошта бошад.
کلیدواژهها [English]