نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Њисор яке аз мулкњои муњимми Варорўд аст, ки дар гузари таърих ба далели доштани љойгоњи стратегї ва имконоти иќтисодї дар таъйини хатти сиёсии бештари хонадонњои њукмрони минтаќа наќше муассир доштааст. Албатта, наќши ин минтаќа аз ањди Темуриён ба баъд дар сарнавишти Варорўд бештар шудааст. Таъсири Њисор дар љуѓрофиёи сиёсї ва иќтисодии Тољикистони муосир низ инкорношуданист. Аз он љо ки ќарни нуздањуми мелодї барои Эрон ва Варорўд оѓози тањаввулоти сарнавиштсоз буд, дар ин маќола муњимтарин њаводиси минтаќаи Њисор дар ин ќарн тазаккур дода шудааст. Пас аз баёни муњимтарин њаводиси сиёсии ин минтаќа дар ќарни нуздањум, рољеъ ба мавзўъоте назири амлокдорињои бекии Њисор, калонтарин мулкњои ин ноњия, вусъати љуѓрофиёї, теъдоди нуфус, нажодњо, машоѓил, мизони молиёт, марокизи санъатгарї, теъдоди сипоњиён, таќсимоти нобаробари замин, бедоду ситами маъмурони давлатї ва... бањс шудааст. Нигоранда дар поён пас аз баррасии вазъи сиёсї, иќтисодї ва иљтимоии Њисор дар ќарни нуздањум ба ин натиља расидааст, ки љангњои хонаводагии амирони Варорўд авзоъи минтаќаро ноором карда ва заминањои ишѓоли сареъи онро аз љониби артиши рус фароњам овардааст. Њокимони Њисор пас аз ишѓоли русњо низ бештар дар фикри сарватандўзї ва ѓорати раият буданд. Аз ин рў, бо таѓйир ёфтани онњо ањволи мардумон боз њам саъбтар мешуд.
کلیدواژهها [English]