نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
دکترای زبان و ادبیات فارسی
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Ноњияи Њисор аз мавозеъи бисёр ќадими Тољикистон аст, ки ёдгори давраи неолит (асри нави сангї) шомили анвоъи (кишоварзии мањз), калта минорї (моњигирї, шикор ва сайёдї) ва њисорї (омехтае аз кишоварзї, домдорї ва шикор)-ро дар бар мегирад. Дар асрњои баъдї, махсусан дар асрњои миёна то Инќилоби Бухоро Њисор маркази идорї ва фарњангии Бухорои Шарќї буд ва дар пешрафти њаёти иљтимої, иќтисодї ва фарњангии ин мамлакат сањми сазовор дошт. Њадафи ин маќола нишон додани таќсимоти њудудї- идории Њисори Шодмон дар солњои 1910-1951м бо такя бар асноди мављуд дар шуъбаи бойгонии вазорати корњои дохилаи Љумњурии Шўравии Тољикистон ва осори муњаќќиќони пеш аз Инќилоби Русия аст. Бад-ин манзур, ибтидо пас аз табйини мафњуми бекигарї ва амлокдорї, дар бораи амлокдории Њисор иттилооте дода шудааст. Тибќи ин маълумот, бигигарии Њисор дар остонаи соли 1920м шомили амлокдорињои Варзоб, Њисор, Ѓозималик, Эсанњољї, Бадрикалинї, Чиртак, Ромит, Файзобод, Душанбе ва Ёвон буд ва њудуди Бухорои Шарќї (манзур Тољикистони Љанубї ва Марказї) низ вилоятњои Душанбе, Сариосиё, Ќўрѓонтеппа, Ѓарм ва Кўлобро дар бар мегирифт. Водии Њисори имрўзї низ муташаккил аз ду вилоят–Душанбе ва Сариосиё буд. Бинобар маълумоти бадастомада ноњияи Њисор, ки њоло яке аз навоњии тобеъи Љумњурии Тољикистон аст, дар соли 1932м ташкил шуд. Дар соли 1939м низ вилояти Сталинобод ташкил шуд, ки маркази он шањри Душанбеи кунунї буд. Имрўз водии Њисор шомили ноњияњои тобеъи марказ буда ва манотиќи Регар, Шањринав, Њисор, Рўдакї, Варзоб, Вањдат ва Файзободро дар бар мегирад. Маркази Љумњурии Тољикистон–Душанбе низ дар ин водї љойгир аст. Дар поёни ин маќола рољеъ ба ноњияњои Њисори Шодмон иттилооти мухтасаре баён шудааст.
کلیدواژهها [English]