نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Яке аз нахустин касоне, ки ба љанбањои каломї, фиќњї ва усули каломи Худо таваљљуњ карда ва бо баёни оро ва андешањои тозаву бикр дар њалли масоили гуногуни матрањ дар ин замина кўшида, Имоми Аъзам Абўњанифа аст. Яке аз мавзўъоти матрањ дар бораи каломи Худо ин аст, ки каломи илоњї дар мартабаи вуљуди айнї, яъне дар зоти Худованд на арабї аст ва на ибронї, балки сифатест басит ва азалї. Дар мартабаи вуљуди катбї Ќуръон бо сифоти дигар муттасиф мешавад, бад-ин маъно, ки дар ин мартаба дар либоси хатти куфї, насх, сулс ё хатте дигар зуњур мекунад. Ба назари Абўанифа лафз бар хилофи маъно рукни лозим нест, зеро лафз маќсуд нест, хусусан дар њолати намоз, ки њолати мунољот бо Худост. Бино бар ин, Имоми Аъзам хондани намозро ба забони форсї таљвиз мекунад. Илова бар ин гуфтани омин дар намоз ба забони форсї, хондани ташањњуд ба забони форсї, хондани хутба дар рўзи љумъа ба забони форсї, тасмия, яъне бурдани номи Худо њангоми зибњи њайвон маъкулуллањм (ҳалол гӯшт) ба забони форсї аз назари Имом љоиз аст. Њамчунин тарљумаи Ќуръон ба забони форсї њарчанд аз назари аиммаи усул ва фиќњ амсоли Шофеї каломи Худо нест, аз назари Абўњанифа каломи Худо мањсуб мешавад.
کلیدواژهها [English]