نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Дарвеш Носири Бухорої яке аз шоирони ѓазалсарои тирози аввали ќарни њаштуми њиљрї аст, ки хидматаш дар равнаќи ѓазали ошиќонаи орифона назаррас буда ва Хоља Њофиз ба шеъри ў назар доштааст. Дар ин маќола нигоранда ибтидо муњимтарин манобеъеро, ки дар бораи ин шоири барљастаи адаби форсї сухан гуфтаанд, муаррифї кардааст. Тазкирањо љузъи аввалини манобеъе њастанд, ки матолибе рољеъ ба Носири Бухорої зикр кардаанд ва ўро ба сифати орифи бузурги бањаќрасида ва шоири тавонои ширинсухан ситудаанд. Аз миёни ховаршиносон аврупоииён Рипка, Њерман Эте, Рю ва Эдгар Блоша дар фењристњои худ аз ў ёд кардаанд. Аз Носири Бухорої дар бештари китобњои таърихи адабиёти форсї ва тољикї, аз љумла «Шеърулаљам»-и Шиблии Нуъмонї, «Намунаи адабиёти тољик»-и Садриддин Айнї, «Таърихи адабиёт дар Эрон»-и Забењуллоњи Сафо ва... низ ёд шудааст. Аммо нахустин тањќиќоти љиддї дар мавриди ин шоири некўхаёл ба ќалами Парвиз Нотили Хонларї дар маќолаи «Ошноёни Њофиз-Носири Бухорої» тааллуќ дорад. Мањдии Дурахшон низ, ки девони шоирро нашр карда, дар маќолаи «Ин тарљеъбанд аз кист?» дар бораи яке аз тарљеъбандњои ин шоир бањс кардааст. Бањоуддини Хуррамшоњї низ дар «Хофизнома» аз Носири Бухорої ёд кардааст. Дар идомаи ин маќола нусхањои девон, баёз ва љунгњое, ки ашъори Носири Бухорої дар онњо сабт аст ва аз назари муњаќќиќон дур монда, муаррифї шудааст.
کلیدواژهها [English]