نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Ин маќола, ки пажўњише дар бораи афкор тарбиятии мардумони эронї ва мушкилоти татбиќи он дар Тољикистон аст, дар се бахш шомили мушкилоти таълиму тарбият дар низоми афкори педагогии мутафаккирони ќуруни вусто, татбиќи амалии афкори педагогии мутафаккирони эронї дар педагогикаи муосири миллї ва меросбарии афкори педагогї ба унвони воќеияти рушди фарњангї ва таърихии љомеъаи инсонї ба нигориш даромадааст. Дар бахши аввал нигоранда бо таъкид бар ин ки тарбияти инсони комил дар педагогикаи муосири тољик бар асоси ќадимтарин аќидањои ниёгони мардуми тољик сурат мегирад, яке аз бузургтарин сарчашмањои ин педагогакаро китоби муќаддаси ориёи бостон–Авесто ва ба таври куллї афкори зардуштї донистааст. Аммо пас аз густариши ислом сохтори тарбият таѓйир меёбад ва назарияњои тарбияти исломї бар раванди таълиму тарбият њоким мешавад. Дар бахши дувум дар бораи ин ки низоми муосири миллии таълим ва усули педагогї бояд бо аќоиди педагогии ниёгон, аз љумла афкори бузургоне чун Рўдакї, Фирдавсї, Мавлоно ва... мунтабиќ шавад, бањс шудааст. Дар бахши охир низ бо ишора ба ин ки мутафаккирони асримиёнагии исломї дар рушди афкори педагогии форсу тољик ва ба таври куллї љањон сањми намоён доштаанд, ба моњияти умонистии ин афкор таъкид шудааст. Нигоранда дар поён ба ин натиља расидааст, ки дар давраи њозир аз нав дарк кардани арзишњои умумии инсонї ва низ омўзиши афкори њамаи андешамандон сарфи назар аз эътиќод ва нажодашон амре зарурист. Ба ин маъно омўзиши мероси педагогии мутафаккирони асрњои миёнаи тољику форс, ки тибќи ќавонини ислом амал мекарданд, мувофиќи матлаб аст.
کلیدواژهها [English]