نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استاد دانشگاه ملی تاجیکستان
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Ин маќола шарњи сафари муаллиф ба Эрон аст. Мирсаидов, ки муќорин бо Намоишгоњи байналмилалии китоби Тењрон ба Эрон сафар кардааст, зайли чањор бахш–китоб ва китобхонї, Китобхонаи миллї, Намоишгоњи байналмилалии китоби Тењрон- меодгоњи ишќу ошної ва русуму одоби мењмоннавозї ба шарњи љузъиёти сафари худ пардохта ва дар хилоли он ба бархе аз вижагињои фарњангии љомеъаи Эрон ва низ одобу русуми эрониён ишора кардааст. Дар муќаддимаи маќола ба шуморе аз вижагињои таърихї ва љуѓрофиёии Эрон ишора шудааст. Дар бахши китоб ва китобхонї дар бораи вазъият китоб ва китобхонї дар Эрон, теъдоди китобхонањо ва озмунњои китобхонї бањс шудааст. Дар бахши баъдї нигоранда ба тавсифи Созмони аснод ва Китобхонаи миллии Љумњурии Исломии Эрон пардохта ва дар бораи сохтмони китобхона ва вижагињои муњити он, теъдоди нусахи хаттии китобхона ва... матолибе баён кардааст. Бахши баъдии маќола дарбаргирандаи матолибе дар бораи Намоишгоњи байналмилалии китоби Тењрон аст. Дар бахши охир низ дар бораи русуму одоби мењмоннавозии эрониён сухан рафтааст. Нигоранда дар ин ќисмат бо таъкид бар мизбонии шоистаи эрониён, ба њузур дар чанд мањфили Сарои ањли ќалам ва мањфили Фирдавсихонї дар Шањри китоб ба њамроњи соири мењмонони Шўрои густариши забон ва адаби форсї ва низ мулоќот бо бархе маќомоти давлатї ишора кардааст.
کلیدواژهها [English]