نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استاد
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Дар бораи забони порсии дарии Варорўд ва Хуросон ва решаи пайдоиши он то кунун назарњои гуногуне баён шуда, ки дар ин маќола ба теъдоде аз онњо ишора мешавад. Бертелс бо таъйиди назари Маликушшуаро Бањор ва Садриддин Айнї забони дариро забони аслии мардуми эронинажоди Осиёи Миёна аз Балх то Бухоро медонад ва назарияи муњољирати њамагонї аз Эрон ба Осиёи Миёна ва табдили забони суѓдї ба дариро рад мекунад. Аммо Александр Фрейман ба майдон омадани забони дариро дар Осиёи Миёна натиљаи муњољирати мардум аз љониби Эрон ба он минтаќа медонад. Парвиз Нотили Хонларї низ љонибдори аќидаи интиќоли забони форсї аз љануб ба шимол- Хуросон ва Варорўд аст ва онро натиљаи њуљуми араб ва аќибнишинии дарбориёни сомонї медонад. Назарияи интиќоли забони форсии дарї аз љануб ба шимол дар кутуби эроншиносони Ѓарб низ омадааст. Аз миёни мухолифони назарияи интиќоли забони форсии дарї аз љануб ба шимол маќолаи оќои Ризо Зумуррадиён бо унвони «Маншаъи порсии дарї» дархури таваљљуњ аст. Вай бо тањлилу баррасии назарияњои гуногун ба ин натиља расидааст, ки назарияи интиќоли забони порсии дарї аз љануб ба шимол пояи таърихї надорад; Яъне њељ гуна санад ва мадраке дар ихтиёр нест, ки битавон бо он натиљагирии ќотеъона кард. Ин аќида бо маќолаи Катоюн Маздопур бо унвони «Наќши эроншиносї дар шинохти пайванди адаби куњани Эрон ва адаби форсї» низ њамоњангї дорад. Нигорандаи ин маќола пас аз баррасии назароти мазкур ба ин натиља расидааст, ки порсии варорўдї ё порсии мовароуннањрї ё порсии дарии тољикї зодаи Варорўд (Мовароуннањр) ва Хуросон буда ва дар тўли беш аз њазор сол вижагињои худро гум накардааст.
کلیدواژهها [English]