نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Ањмади Дониш дар таърихи адабиёт ва афкори иљтимої ва сиёсии Бухорои ќарни нуздањуми мелодї яке аз афроди барљаста ва номдор ба шумор меравад. Андешањои пешгомонаи осори адабї ва фалсафии вай дар бедории фикрї ва миллии бисёре аз равшанфкрони он давра наќше бориз доштааст. Дар ин маќола пас аз баёни шарњи њоли мухтасари ин мутафаккири ислоњгаро наќши ў дар бедории фикрии мардуми Бухоро баррасї шудааст. Дониш дар соли 1826 дар Бухоро дида ба љањон кушуд. Пас аз гузарондани тањсилоти муќаддамотї ба яке аз мадориси Бухоро рафт ва пас аз итмоми тањсилот ба хидмати дарбори амири Бухоро даромад. Баъдњо ба Петербург рафт ва дар он љо бо пешрафти илмї ва фарњангии Русия ошно шуд ва пас аз бозгашт пешнињоди ислоњоти куллии системаи давлатдории иморати Бухороро матрањ кард, ки бо мухолифати амир мувољењ шуд ва сабаби табъиди ў гардид. Дониш дар соли 1885 ба Бухоро бозгашт ва ба таълифу тадвини осори фалсафї ва адабї машѓул шуд ва дар њамон љо таълифи китоби пурмуњтавои худ «Наводир-ул-ваќоеъ»-ро ба охир расонд. Ин китоб дар байни ањли адаб шуњрати беандозае ёфт. Ањмади Дониш дар асари дигаре бо номи «Рисолаи таърихї» танњо роњи ислоњи иморати фартути Бухороро сарнигун кардани он бо зўр донист. Андешањои љасуронаи Ањмади Дониш на танњо бар равшанфикрони муосир ва њамсоли ў таъсире бузург дошт, балки барои бедории љавонони тараќќихоњи он замон низ омили муњим гардид.
کلیدواژهها [English]