نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Дар таърихи адабиёти навини тољикї, ки аз ибтидои садаи бистуми мелодї ба баъд љараён дошта ва рушду камоли муайянеро аз сар гузарондааст, осори мансури Абдуррауфи Фитрат љойгоње муњим дорад. Ин маќола бо њадафи баррасии осори Фитрат аз назари дарунмоя ва шаклу услуб ба нигориш даромадааст. Нахустин намунаи насри Фитрат рисолаи «Мунозира» шомили бањси як нафар фарангї бо мударриси бухорої дар хусуси низоъи ќадим ва љадид аст. Жанри ин асар бештар шакли драма дорад ва воситаи тасвири он низ диалог ва мубоњиса аст. Асари дигари Фитрат «Баёноти сайёњи њиндї» аст, ки дар он ањволи номатлуби иљтимої, сиёсї, иќтисодї ва илмии Бухоро ба тасвир кашида шудааст. Бунёди ин асар низ мунозира ва муколима ва бањсу истидлол аст. Ин ду асар сабки навинро дар адабиёти тољикї бунёд гузоштанд ва услуби соданависї ва воќеъгароиро тањким карданд. Рисолањои «Рањбари наљот» ва «Оила» љузъи осори илмї ва ахлоќии Фитрат њастанд, ки хусусияти муњимми онњо доштани барномае мушаххас аст. Муаллиф дар ин ду асар зимни тарњи масоили дардноки љомеа барои расидан ба ормонњои маорифпарварї барномае пешнињод мекунад. Рисолаи «Рањбари наљот» як дастуруламали бузурги ахлоќї, фалсафї, иќтисодї ва маънавї аст, ки дар ин рўзгор низ ба нафъи ањли дин ва миллату башарият аст. Дар рисолаи «Оила» низ аз зарурати ташкили оила ва истењкоми он сухан ба миён омадааст. Нигоранда дар поён, пас аз баррасии осори Фитрат ба ин натиља расидааст, ки осори ин нависандаи ислоњгаро ва таљаддудхоњ на танњо дар замони худ ба унвони барномаи интибоњ ва рањоии кишвар аз аќибмондагї мањсуб мешуданд, балки имрўз низ дар худшиносии маънавї, миллї ва тањкими асоси иљтимоии љомеа метавонанд муассир бошанд.
کلیدواژهها [English]