نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
پژوهشگر
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Мирзо Муњаммадазимуддини Сомї (1837-1908) яке аз шахсиятњои маъруфи адабиёт ва фарњанги Бухоро дар нимаи дувуми асри нуздањуми мелодї аст. Ў муддати зиёде дар дарбори амир Музаффар ва амир Абдулањад ба унвони воќеанигори расмї ва дабири мукотибот ва асноди муњимми таърихї ифои вазифа кардааст. Осори Сомї шомили «Таърихи салотини манѓития», «Туњфаи шоњї» ва маснавињои «Дахмаи шоњон» ва «Миръотулхаёл» аст. Муњимтарин вижагии маснавии «Дахмаи шоњон», ки симои Сомиро њамчун шахсе далеру шуљоъ нишон медињад, он аст, ки вай намояндагони хонадони манѓитияро њаљв кардааст. Бино бар ин њадаф аз навиштани ин маснавї баёни давлатдории подшоњон набуда, балки муаллиф хостааст, ки ин подшоњони зулмпешаро мазаммат кунад. «Миръотулхаёл», ки иборат аз 121 боб аст, маљмўъаи њикоёти гуногуни адабї, шарњи њол ва мутоибаест, ки Сомї дар бораи 34 шоири тољики садаи нуздањуми мелодї навиштааст. Дар бораи девони Сомї тазкиранависон чизе нагуфтаанд. Аммо дар тазкирањо ва баёзњои авохири садаи нуздањуми мелодї ашъори зиёде аз ў дарљ шудааст. Ашъори Сомї навъе эътирози ў ба кирдори амирони даврон аст. Вай дар ѓазалиёташ норизоятии худро аз сиёсат ва кирдори давлатмардон, авзоъи иљтимоии аморати Бухоро ва зиндагии тангдастона ва тираи мардуми зањматкаш инъикос додааст. Cомї њамчунин ба унвони муншии донишманд ва боистеъдод таљрибаи чандинсолаи худро дар хусуси номанигорї ва ба таври куллї иншонависї дар рисолаи «Санъати мањзун» љамъоварї кардааст.
کلیدواژهها [English]