نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Дар садаи бистуми мелодї муњаќќиќони даврони Шўравї аз тањлили амиќ ва њамаљониба рољеъ ба намояндагони љунбиши љадидия дур монда буданд. Аммо дар ду дањаи ахир тањќиќу пажўњиш дар бораи ин гурўњ, ки дар таърих бо номи «љадидон» ва осорашон бо унвони «адабиёти љадидї» шинохта мешавад, дар миёни пажўњишгарони тољик равнаќ гирифтааст. Аз миёни намояндагони насли дувуми маорифпарварони тољик маќому манзилати Абдулвоњиди Мунзим дар љунбиши љадидї ва бедории фикрї бисёр бузург аст. Дар таърихи афкори сиёсї ва иљтимоии тољик, дар канори хадамоти адабї-маданї хидмати Мунзим дар нусхабардории «Наводир-ул-ваќоеъ»-и Ањмад махдуми Дониш ва маљмўъаи ашъори Муњаммадсиддиќи Њайратро наметавон нодида гирифт. Бемуболиѓа бояд таъкид кард, ки «Наводир-ул-ваќоеъ» дар шаклгирии шахсияти Мунзим ва инќилоби фикрии ў наќше бузург доштааст. Мунзим дар канори ошної бо ин асар, аз тариќи мтолиаи нашриёте мисли «Њаблулматин», «Сиротулмустаќим», «Ваќт», «Муллонасриддин», «Самарќанд» ва... бо бисёре аз масъалањо ва њаводиси оѓози садаи бисти мелодї ошно шуд. Њамчунин ў дар ростои густариши фаъолиятњои маорифпарваронаи худ ба тадвини китобњои таълимї барои мактаббачагон пардохт. Аммо мутаассифона мактаби ў дар муддати кўтоње аз сўи авомили иртиљої баста шуд. Пас аз он Мунзим бо њамкории иддаи дигаре чун Айнї, Њамдї, Мансуров ва... созмоне махфї бо номи «Тарбияти атфол» таъсис кард ва дар идома бо њамкории аъзои фаъоли ин созмон иќдом ба таъсиси аввалин рўзнома ба забони тољикї бо унвони «Бухорои шариф» ва баъд аз он низ шурўъ ба чопи рўзномае ўзбакї бо номи «Тўрон» кард. Ў муддате низ риёсати фирќаи Љавонбухорёнро бар уњда дошт, ки баъд аз ташкили шуъбаи маскавии ин фирќа аз фаъолият дар он даст кашид.
کلیدواژهها [English]