نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استاد دانشگاه زبانشناسی
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Додхудо Карамшоев, эроншиноси барљастаи тољик дар соли 1932 дар ноњияи Рўшони Бадахшон дида ба љањон кушуд. Вай дар мактаби шарќшиносии Ленингарад ба тањсил пардохт ва ба тањќиќ дар њавзаи забонњои эронии шарќї рўй овард. Фаъолияти илмии Карамшоев бо Институти забон ва адабиёти Рўдакии Академияи улуми Тољикистон сахт марбут буда ва дар њамин марказ дар тўли сї сол ифои вазифа кардааст. Ў њамчунин яке аз поягузорони помиршиносї дар Тољикистон аст ва дар сол 1967 тањти рањбарии вай гурўњи забонњои помирї дар институти мазкур таъсис шуд. Ин шуъба баъдњо ба гањвораи тањќиќи забонњои эронии шарќї дар Тољикистон ва бахусус забонњои помирї ва осори мардумии ин забонњо табдил шуд. Карамшоев яке аз мададгорони ифтитоњи шуъбаи Академияи улуми Тољикистон дар маркази Бадахшон буд ва аз нахустин рўзњои таъсиси он риёсати шуъбаи забонњои помирии Пажўњишгоњи улуми инсониро бар уњда дошт. Доманаи пажўњишњои илмии Карамшоев бисёр густарда аст ва таќрибан тамоми њавзањои эроншиносиро дар бар мегирад. Вай муаллифи беш аз 400 асар дар заминањои мухталиф аст. Хадамоти Карамшоев дар тањия ва амалї кардани Ќонуни забони тољикї бисёр бузург аст. Ў барои хадамоти бузурге, ки дар илми забоншиносии тољик анљом дода, муфтахар ба дарёфти љавоиз ва медалњои гуногун шудааст.
کلیدواژهها [English]