نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Дар соли 1970 бо саъю талоши академик Абдулѓанї Мирзоев шуъбаи шарќшиносї ва осори хаттии Академияи улуми Тољикистон ба Институти шарќшиносї табдил шуд, ки дар њаёти илмї-фарњангии Љумњурии Тољикистон падидае нав мањсуб мешуд. Дар чањорчўби имконоти молии институт бо эњтимоми Мирзоев шуъбањо ва бахшњои нав, аз љумла бахшњои Эрон, Афѓонистон, Њинду Покистон ва мамолики арабї таъсис шуд, ки дар онњо таъриху иќтисод, адабиёт ва забонњои ин кишварњо мавриди тањќиќу пажўњиш ќарор мегирифт. Дере нагузашт, ки Институти шарќшиносии Душанбе дар миќёси собиќ Шўравї ба маркази шарќшиносии неруманде мубаддал шуд, ки дар тањќиќи адабиёту таърих ва иќтисоди кишварњои Шарќи Наздик ба натиљањои чашмгире ноил шуд. Абдулѓанї Мирзоев на танњо муњаќќиќ ва донандаи барљастаи адабиёти классики форсию тољикї ва манбаъшиноси борикбин, балки шарќшиноси шинохта ба маънои классики он будааст. Тањќиќ ва кашфи як давраи муњим аз адабиёти классики тољик (садањои 16-18) ба тањќиќ ва зањмати Мирзоев тааллуќ дорад, зимни ин ки таъсиси мактаби шарќшиносии тољик низ бо ному талоши вай иртиботе ногусастанї дорад.
کلیدواژهها [English]