نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استاد دانشگاه ملی تاجیکستان
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Устодон Садриддин Айнї ва Саид Нафисї аз маъдуд чењрањои адабии ду кишвари Эрон ва Тољикистон њастанд, ки дар тамоми анвоъи наср аъам аз адабї, таърихї, иљтимої, илмї ва... асарњое офаридаанд. Дар ин маќола нигоранда пас аз баёни шарњи њоли мухтасаре аз њар ду устод ба муаррифї ва баррасии осори онњо пардохта ва нуќоти шабоњат ва тафовути онњоро зикр кардааст. Њам Садриддин Айнї ва њам Саид Нафисї ба эљоди осори адабї, тарљума, тањлили мутуни форсї, тањќиќи адабиёт, луѓат ва луѓатнависї, китобшиносї ва... машѓул буданд. Аз њамин рў, ин ду устод бо њам ќаробати ногусастанї доранд. Эњтимолан нахустин ошноии Саид Нафисї бо Айнї ба воситаи интишори ќиссаи «Одина» дар соли 1924 дар рўзномаи «Овози тољик» ва муљаллаи «Рањбари дониш» сурат гирифта бошад. Аммо ошноии аслии ў бо Садриддин Айнї марбут ба соли 1926 аст, ки тазкираи «Намунаи адабиёти тољик»–таълифи Айнї ба чоп расид. Нусхањое аз ин тазкира ба Тењрон њам расид ва Саид Нафисї хеле зуд ба дифоъ аз он бархост. Айнї ва Нафисї њар ду беш аз панљоњ сол аз умри гаронбањои худро дар роњи адабу фарњанги форсї сарф кардаанд. Мутолиаи осори илмї ва адабї ин ду шахсияти њамгун собит мекунад, ки онњо ба ин дунё барои омезиши насри илмї ба адабї омадаанд ва насри илмии њар ду аз доираи арабизадагии љумалот ва маонии ѓариб орї аст. Нигорандаи маќола дар поён ба ин бањсу баррасии ба ин натиља расидааст, ки пайванди рўњонии насри Эрон ва Тољикистон Саид Нафисї ва Садриддин Айнї њанўз њам пойдор аст ва месазад, ки ин мавзўъ дар ќолаби типология (рехтшиносї)-и адабї тањќиќ шавад ва ба ин восита сафњае тоза аз иштироки адабиёти форсии тољикї кашф шавад.
کلیدواژهها [English]