نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استاد دانشگاه ملی تاجیکستان
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Яке аз мањосине, ки густариши робитаи Эрон ва Тољикистон барои ду миллат доштааст, тавсиаи илми мардумшиносї аст. Дигаргунињои сиёсї ва иќтисодии охири садаи бистум, ки дар кишварњои Љумњурии Исломии Эрон ва Тољикистон рух дод, пажўњандагони ин кишварњоро водор кард, то њадди имкон дар ин росто ќадамњое бардоранд. Пас аз истиќлоли Тољикистон сафарњо ба кишвари Эрон шурўъ шуд. Нигоранда дар ин маќола аз сафарњои мутааддиди худ ба Эрон, ки бо њадафи шиносоии фарњанги мардуми ин сарзамин сурат гирифта, сухан гуфтааст. Вай ошної бо устод Инљавии Шерозї ва бисёре дигар аз устодони мардумшиноси Эронро сабаби ошноии амиќи худ бо фарњанги мардуми Эрон донистааст. Нигорандаи маќола бо ишора ба ин ки маљмўъаи «Намунаи фолклори Эрон» (1963) аз љониби А. Шортс ва Т. Неъматов дар Тољикистон ба чоп расида, ёдоварї кардааст, ки то ба њол гирдоварї, нашр ва пажўњиши муштараки фарњанги мардуми ду кишвари њамзабон сурат нагирифта ва њатто аз љониби Эрон муњаќќиќе ба таври љиддї ба тањќиќи фарњанги мардуми тољик машѓул нашудааст. Албатта, дар солњои ахир чандин маќола ва китоби пажўњандагони тољик дар ин замина дар Љумњурии Исломии Эрон ба табъ расидааст. Нигоранда дар поёни ин мабоњис ба ин натиља расидааст, ки аз он љо ки дар Тољикистон гирдоварии тамоми бахшњои фарњанги мардум чандон ризоятбахш нест, дар ин замина њамкории муштарак бо пажўњандагони мардумшиноси Эрон зарурист. Дар поёни маќола нигоранда бо зикри ановини гуфтугўњое, ки дар солњои ахир рољеъ ба масоили гуногун ва мубрами эроншиносї анљом дода, ба бахше аз гуфтугўи худ бо Улриш Морзулф–эроншиноси олмонї ишора карда. Њамчунин фењристи бахше аз кўшишњоеро, ки дар Тољикистон дар заминаи фолклоршиносї сурат гирифта, ироа кардааст.
کلیدواژهها [English]